Баррасии бозкушоии марзи Қазоқистон барои шаҳрвандони кишвари ҳамсоя

Дар ҳоли ҳозир қирғизистониён бо роҳи заминӣ ба Қазоқистон рафта наметавонанд, бисёриҳо маҷбуранд, билетҳои гаронарзиш бихаранд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 6 ноя – Sputnik. Раиси Девони Вазирони Қирғизистон Оқилбек Ҷабборов дар ҳошияи нахустин форуми иқтисодии "Иттиҳоди Аврупо – Осиёи Марказӣ" бо сарвазири Қазоқистон Аскар Мамин мулоқот кард, хабар медиҳад дафтари матбуотии Девони Вазирони Қирғизистон.
Ба гуфтаи Ҷабборов, дар соли ҷорӣ афзоиши муназзами гардиши мол, тамоюли мусбати ҷалби сармоя, фаъол шудани равобити дуҷониба мушоҳида мешавад.

"Бо вуҷуди ин имконот дар тиҷорати мутақобила пурра мавриди истифода қарор нагирифтааст. Қирғизистон ба ҷалби сармоя аз Қазоқистон манфиатдор аст", - гуфтааст ӯ.

Сарвазири Қазоқистон ба тавсеаи ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва амиқтар кардани ҳамкориҳо ҳавасмандӣ зоҳир кардааст.
Қирғизистон гуфт, аз Тоҷикистон киҳо метавонанд вориди қаламраваш шаванд
Дар мулоқот масоили ифтитоҳи гузаргоҳҳои заминӣ дар Қазоқистон барои шаҳрвандони Қирғизистон, ки ваксинаи зидди COVID-19 гирифтаанд, баррасӣ шудааст. Гуфта мешавад, ки вазоратҳои дахлдори ҳар ду кишвар ин масъалаҳоро баррасӣ хоҳанд кард.
Ҷабборов ва Мамин ҳамчунин масъалаи интиқоли нерӯи барқ ​​аз Қазоқистон ва транзити он тавассути Қирғизистонро баррасӣ кардаанд.
Бояд гуфт, Қирғизистон пештар ҳам ба бозкушоии марзҳо бо Қазоқистон даъват карда буд.