Тоҷикистон ҷаҳониёнро ба рушди энергияи обӣ даъват кард

Нерӯи барқи обӣ дар ҳалли мушкилоти ҷиддии тағирёбии иқлим кумак хоҳад кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 ноя — Sputnik. Дар чаҳон зарур аст, ки энергияи обиро рушд дод. Дар ин бора намояндагони Вазорати энержӣ ва захоири обии Тоҷикистон зимни конфронси СММ оид ба тағйири иқлим дар Глазго изҳор доштанд.
Онҳо қайд карданд, ки тадбирҳои васеъ кардани ин соҳа бояд ба рӯзномаи иқлим дохил карда шаванд.
Вазорат ба бартарии рушди энергияи обӣ нисбат ба дигар манобеи барқароршавандаи энергия таъкид кардааст. Ҳамин тариқ ин минтақа барои коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ ва инчунин ҳалли мушкилоти амнияти об мусоидат мекунад.
Раҳмон гуфт, чаро интиқоли барқ ба ҳамсояҳоро дар тобистони гузашта муваққатан қатъ кард
Намояндагони ин ниҳод таъкид намуданд, ки кишварҳо бояд барои рушди энергияи обӣ ва пешбурди он дар сатҳи ҷаҳонӣ маблағҳои бештар ҷалб намоянд.

"Ин барои вокуниш ба чолишҳои энержӣ, экологӣ ва обӣ, ки бо тағирёбии иқлим алоқаманд аст, кумак хоҳад кард", - гуфтанд аз Вазорати энергетикаи Тоҷикистон.

Бояд гуфт, дар конфронс муовини аввали вазири энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ Ҷамшед Шоимзода низ суханронӣ кард. Ба ӯ аъзои созмонҳои байналмилалию минтақаӣ ва дипломатҳои манфиатдор ба ҳалли ин масъала ҳамроҳ шуданд.
Рушди энергияи обӣ дар сиёсати Тоҷикистон яке аз ҷойгоҳҳои марказиро ишғол мекунад.
Наздик ба 90 фоизи қувваи барқи кишварро нерӯгоҳҳои обӣ ҳосил мекунанд, ки қисми зиёди онҳо дар ҷануби кишвар бунёд гардидаанд.