Рублу доллар гарон шуду евро коҳиш ёфт: бозори арз дар Тоҷикистон

Қурби пули русӣ ва доллари амрикоӣ дар Тоҷикистон каме боло рафту евро бошад, коҳиш ёфт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 ноя — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ эълон кард.
Тибқи иттилои ин ниҳод арзиши 1000 рубл 157 сомонӣ нишон дода шудааст.
Як рӯз қабл дар кишвар ар ивази 1000 рубл 160 сомонию 30 дирам медоданд.
Асъори аврупоӣ бошад, боз коҳиш ёфтааст. Дар бозори арзи кишвар ҳоло як евро 13.0330 сомонӣ арзиш дорад, дар ҳоле ки як рӯз пеш 13.0632 буд.
Дар ҳамин ҳол қурби асъори амрикоӣ, тибқи иттилои БМТ, каме боло рафтааст. Қурби 1 доллар ҳоло дар бозори арзи кишвар 11.2830 сомонӣ аст. Ин нишондиҳанда як рӯз пеш ҳам 11.2760 буд.
Ду асъори аз ҳама фоидаовар номбар шуд: доллар миёни онҳо ҳаст?
Ҳамчунин, имрӯз қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон барои 1 доллари ИМА аз 11.2830 то 11.2900 сомонӣ;
1 евро аз 13.0330 то 13.1600 сомонӣ ва 1 рубли русӣ аз 0.1571 то 0.1590 сомонӣ муқаррар шудааст.
Бонки Миллӣ ҳушдор медиҳад, ки амалиёти асъорӣ берун аз филиалҳо, офисҳои марказҳои хидматрасонии бонкҳо, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо манъ аст.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон қонуншиканӣ ҳисобида мешавад, ки ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.