ДУШАНБЕ, 5 ноя — Sputnik. Бар асоси натоиҷи эълонгардидаи Лигаи олии Тоҷикистон, дастаи "Истиқлол" ҳамоно бо касби 55 хол садрнишин мебошад.
Бинобар иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, Лигаи олӣ пас аз танаффуси якмоҳа баргузор гардид ва дар асоси натиҷаҳо мавқеи тими "Истиқлол" ҳамоно бидуни тағйир боқӣ мондааст.
Ҳамчунин тими "Хуҷанд" бо гирифтани 45 хол дар мақоми баъдӣ қарор дорад.
Дар ҳамин ҳол "Истаравшан" дар майдони худ аз тими “Хуҷанд" бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрд. Зимнан дастаи "Хатлон" бар тими "Эсхата" низ бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуд.
Дар бозии дигар "Истиқлол" тими КМВА-ро бо ҳисоби 3:1 шикаст дод.
Дар бозии дигар "Истиқлол" тими КМВА-ро бо ҳисоби 3:1 шикаст дод.
Дар дербии минтақаи Кӯлоб "Равшан" бар тими "Файзканд" бо ҳисоби 2:1 ғалаба кард.
"Куктош" дар бозии хонагӣ бар тими "Душанбе" бо ҳисоби 3:1 пирӯз шуд.
"Куктош" дар бозии хонагӣ бар тими "Душанбе" бо ҳисоби 3:1 пирӯз шуд.
Ҳамин тариқ баъд аз натиҷагирии 24 даври бозиҳо "Истиқлол" бо 55 хол пешсаф аст. "Хуҷанд", ки 45 хол дорад, дар ҷои дуюм, КМВА бо 36 хол дар ҷои сеюм мавқеъ доранд.