ДУШАНБЕ, 5 ноя — Sputnik. Дар Душанбе кормандони милиса мардеро боздошт намуданд, ки дар саҳни бинои "Шарқи озод" ба хабарнигор дарафтода, ӯро латукӯб ва телефони дастияшро рабуд.
Раёсати умури дохилӣ дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, ки ҳодисаи мазкур рӯзи 2 ноябр рух дод ва кормандони ин ниҳод бо гузашти як рӯз ҳамлагарро боздошт намуданд.
"Ин мард сокини шаҳри Норак буда, феълан дар шаҳри Душанбе зиндагӣ мекунад", - таъкид мегардад дар хабар.
Манбаъ меафзояд, ӯ қаблан ду маротиба барои содир намудани ҷинояти дуздӣ ва авбошӣ ба муҳлатҳои тӯлонӣ ҳабс шуда буд.
Зикр гардид, ки боздоштшуда ҳоло дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, нисбаташ тибқи талаботи моддаи 248, "ғоратгарӣ"- и Кодекси ҷиноӣ парвандаи ҷиноятӣ кушода шуда, тафтишот идома дорад.
РВУД дар шаҳри Душанбе мегӯяд, тибқи моддаи мазкур, ба гумонбаршаванда аз 5 то 10 соли зиндон таҳдид мекунад.