Афзоиши истифода аз дучарха дар пайи гарон шудани сӯзишворӣ дар Афғонистон

Ҳамзамон бо баланд рафтани қимати сӯзишворӣ дар Афғонистон шуморе аз бошандагони Кобул акнун бештар аз дучарха истифода мекунанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 4 ноя. Sputnik. Сокинони Кобул гуфтанд, ки кирояи таксиҳо хеле гарон аст ва на ҳама тавони пардохти онро дорад, менависад Sputnik Афғонистон дар истинод ба шабакаи телевизионии "Tolo News".
Бар асоси гузоришҳо, дар ҳоли ҳозир қимати як литр бензин дар бозорҳо 76 афғонист, ки яке аз сабабҳои гароншавии хадамоти таксиҳо шудааст.
Абдулқодир, як сокини Кобул гуфт: “Ман имкони пардохти пули мошинро надорам. Ман бештар аз дучарха истифода мекунам ва баъзан пиёда меравам”.
Мухтор Аҳмад, як фурӯшандаи дӯкон ҳам мегӯяд: “Истифодаи дучарха муҳити зистро олуда намекунад ва истифодаи он кам мебошад.
Аз мошин ба дучарха: даъвати раиси Кумита аз тоҷикистониён
Дар ҳамин ҳол иддае аз сокинони Кобул аз болоравии қимати таксиҳо изҳори нигаронӣ карда мегӯянд, ки қимати таксиҳо то 50 дарсад боло рафтааст, ки барои онон чолишсоз шудааст.
Аҳмад Зиё, як сокини Кобул гуфт, ки қимати сӯзишворӣ, бахусус бензин хеле боло рафт. Нархи таксиҳои пештара то 20 афғонӣ буд, ҳоло ба 30-40 афғонӣ расидааст.
Муҳаммад Омид, як сокини Кобул гуфт, “нархи сӯзишворӣ боло рафт, кироя ҳам қимат шуд. Мо ин ҳама хароҷотро пардохт карда наметавонем, аз ин рӯ дучарха харидем”.
Дар ҳамин ҳол бо сард шудани ҳаво қимати маводи сӯхт, бахусус бензин боло рафтааст.