ДУШАНБЕ, 3 ноя – Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда қайд кардааст, ки ҳангоми истифодаи асбобҳои гармидиҳандаи барқӣ бояд эҳтиёт кард.
Дар ин бора дар сомонаи расмии КҲФ хабар дода шудааст.
КҲФ аз сокинон хоҳиш кардааст, ки дар зимни истифодаи бухориҳо низ эҳтиёт кунанд, бояд ҳамеша дудбарои хонаҳоро хабар гиранд ва онҳоро тоза нигоҳ доранд.
Ҳамчунин ин ниҳоди давлатӣ аз волидайн хостааст, ки дар ин рӯзҳо кӯдаконро танҳо ва беназорат нагузоранд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ аз аҳолӣ хоҳиш кардааст, ки ҳангоми истифода аз роҳҳои кӯҳӣ эҳтиёткор бошанд, воситаҳои нақлиётии худро аз қабл ба сафар омода созанд.
Ҳамзамон КҲФ аз сокинон хоҳиш кардааст, ки аз сафар ба минтақаҳои хатарнок, иҷрои корҳои кишоварзӣ дар доманакӯҳҳо, навоҳии кӯҳистонӣ ва чаронидани чорво дар чарогоҳҳои кӯҳӣ муваққатан худдорӣ намоянд.
“Дар ин гуна рӯзҳо рафтан ба кӯҳҳову доманакӯҳҳо барои ҷамъоварии ҳезум ва моҳидорӣ дар соҳили наҳр, кӯлу рӯдхонаҳо метавонад хатарнок бошад”, - қайд кардааст манбаъ.
Ёдовар мешавем, Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ахиран хабар дода буд, ки 4-5 ноябр дар водиҳо борон, дар баландиҳои бештар аз 200 метр - дар ноҳияҳои кӯҳӣ барфи тар борида, дар баъзе ҷойҳо барф шиддат мегирад. Дар баъзе ноҳияҳо шамол бо суръати то 13-18 метр дар як сония мевазад.
4 ноябр гармии ҳаво рӯзона аз 7 то 10 дараҷа поин меравад. 5-6 ноябр дар баъзе ноҳияҳо, ба истиснои ВМКБ меҳ мефарояд.