Боздошти марди чолок: “Комбинати орди Душанбе”-ро фиреб дод

Марди 33-солае аз шаҳри Ваҳдат “Комбинати орди Душанбе”-ро фиреб дода, 776 ҳазору 50 сомонии онро барнагардонидааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 4 ноя. Sputnik. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти марди 33-солае хабар дод, ки дар қаллобӣ гумонбар дониста мешавад.
Бинобар иттилои манбаъ, ахиран раҳбарияти ҶДММ “Комбинати орди Душанбе” ба шуъбаи Вазорати умури дохилӣ дар шаҳри Ваҳдат мактуб равон кардааст, ки тибқи он, марди 33-солаи сокини ин шаҳр бо роҳи фиреб ба боварии роҳбарияти “Комбинати орди Душанбе” даромада, корхонаро фиреб додааст.
Манбаъ таъкид кардааст, ки номбурда аз “Комбинати орди Душанбе” барои фурӯш ба маблағи 776 ҳазору 50 сомонӣ орд гирифта, маблағашонро то ҳол барнагардондааст.
Дар ҳоли ҳозир аз ҷониби кормандони милитсияи Тоҷикистон тафтишоти ҳодиса идома дорад.
Нархи орд дар бозорҳои Тоҷикистон боз гарон шуд
Ёдрас мешавем, ки арзиши орд, маҳсулоти асосии ғизоӣ дар Тоҷикистон афзудааст.
Бино ба гуфтаи фурӯшандаҳо, қимати орд тайи рӯзҳои охир дар бозорҳои кишвар якбора 10-20 сомонӣ боло рафта, ба 270-310 сомонӣ баробар шудааст.
Бар асоси охирин додаҳо, соли равон дар Тоҷикистон 684 ҳазору 419 тонна гандум истеҳсол шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 48 ҳазору 414 тонна зиёд мебошад.
Тоҷикистон дар сол ба ду миллион тонна гандум ниёз дорад.
Дар ҳамин ҳол аксари ронандаҳои мошинҳои боркаш сабаби болоравии нархи маҳсулоти бозор, аз ҷумла ордро ба гароншавии қимати маводи сӯхт, бензину сӯзишвории дизелӣ (солярка) нисбат медиҳанд.