БАТР дурнамои рушди иқтисоди Тоҷикистонро поин бурд

Қаблан БАТР рушди баланди иқтисоди Тоҷикистонро барои солҳои оянда пешбинӣ карда буд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 4 ноя — Sputnik. Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР) рушди иқтисоди Тоҷикистонро дар соли 2021 ҳудуди 4,9 дарсад пешбинӣ кардааст.
Дар гузориши ахири нашршудаи ин бонк дар бораи дурнамои иқтисодии минтақа навишта шудааст.
Мутахассисони БАТР дар аксари кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ рушди шабеҳи иқтисодҳои миллиро пешбинӣ кардаанд.
Коршиносон мегӯянд, сарфи назар аз болоравии қимати нафту газ ва филизот Тоҷикистон тавонист аз афзоиши талабот ба муҳоҷирони корӣ фоида ба даст биёрад ва дар натиҷа интиқоли пул аз Русия афзоиш ёфт.
Дар ҳамин ҳол дар миёнаҳои соли 2021 мутахассисони БАТР баландтарин рушди иқтисодро миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон пешгӯӣ мекарданд.
Тоҷикистон ва БАТР сармоягузорӣ дар нерӯгоҳи "Роғун"-ро баррасӣ карданд
Тибқи дурнамо, дар охири соли равон ин нишондиҳанда бояд ба 6,5 дарсад мерасид.
Пешгӯӣ мешуд, ки ин афзоиш пас аз барқарор шудани ҳаҷми интиқоли маблағҳои муҳоҷирони корӣ сурат хоҳад гирифт.
Дар ҳамин ҳол, тибқи дурнамои соли оянда, суръати рушди иқтисоди кишварҳои Осиёи Марказӣ коҳиш ёфта, ба ҳисоби миёна ҳудуди 4,8 дарсад хоҳад буд.
Ин раванд ба далели идомаи сиёсати васеънамудани иқтисод ва талаботи зиёди берунӣ ба молҳои асосии содиротӣ ва қувваи кории минтақа сурат мегирад.
Дар гузориш қайд шудааст, ки рушди иқтисод дар Осиёи Марказӣ дар соли 2021 ба далели ба эътидол омадани вазъи дохилӣ пас аз коҳиши маҳдудиятҳои коронавирусӣ сурат гирифтааст.