ДУШАНБЕ, 3 ноя — Sputnik. Воҳидуллоҳ Ҳошимӣ, мудири барномаҳои хориҷӣ ва кумакҳои Вазорати маорифи ҳукумати “Толибон” дар Афғонистон ахиран эълом кард, ки ҳама духтарон дар ояндаи наздик ба макотиб бармегарданд ва ба зудӣ бахшномаи ҷадид дар саросари кишвар содир хоҳад шуд.
“Мутахассисони мо рӯи он кор мекунанд ва мо ба зудӣ онро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ эълон хоҳем кард", - афзуд ӯ.
Ӯ дар идома гуфт: "Гурӯҳи “Толибон” муваззаф аст, ки духтаронро таълим диҳаду талош дорад, роҳҳои бозгардонидани онҳоро ба мактаб пайдо намояд ва ҳеҷ як омӯзгори зан аз кор барканор нашудааст. Ин паёми мусбат ба ҷаҳониён аст, ки мо рӯи механизми он кор мекунем ва ба дунболи ҳазфи онҳо аз макотиб ва донишгоҳҳо нестем".
Ҳошимӣ таъкид кард, ки омӯзиш мисли дигари заминаҳои давлатӣ аст, ки дар асари қатъ шудани ғайримунтазираи ҳимояти хориҷӣ дар пайи фурӯпошии давлати собиқ мутазаррир мешавад.
"Агар онҳо воқеан мехоҳанд духтаронро дар мактабҳо бубинанд, бояд ҳоло ба мо кумак кунанд", - гуфт ӯ.
Ҳошимӣ дар масъалаи таҳсили духтарон гуфт, Вазорати маориф бар рӯи як равиши нав дар мактабҳо кор мекунад, то онро бо усулҳои исломӣ ва фарҳанги дохилию меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ созад.
"Тағйирот ба стандартҳои ҷаҳонӣ дар физика, кимиё, биология, тамоми мундариҷаи академӣ ва илмӣ мувофиқ хоҳад буд", - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи ӯ, ҳеҷ тағйире дар шеваҳои дарс то кунун рух надодааст ва масъулони вазорат аз наздик бо ожонсҳои ҷаҳонӣ кор мекунанд, ожонсҳо низ дар мавриде ки мушоҳида мекунанд, таомули мусбате доранд.
* - гурӯҳи террористии мамнуъ дар Русия ва Тоҷикистон