Шоираи Раҳимҷон дар феҳристи "Антологияи зинда"-и Авруосиё

Се шоири тоҷик, ҳамраиси Маҷмаи халқҳои Авруосиё Абдуқаҳҳори Қосим, Шоираи Раҳимҷон ва Хосият Вализода аз Тоҷикистон ба антологияи зинда - “Живая антология”-и адибони ҷаҳон ворид шуданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 ноя — Sputnik. Абдуқаҳҳори Қосим, Шоираи Раҳимҷон ва Хосият Вализода Тоҷикистонро дар Ҷашнвораи панҷуми адабии Авруосиё намояндагӣ мекунанд, хабар медиҳад Вазорати фарҳанг.
Ин ҷашнвора рӯзҳои 11-14-уми ноябри соли 2021 дар шаҳри Истанбули Туркия баргузор мешавад.
Фестивал ҳамасола аз ҷониби Маҷмаи халқҳои Авруосиё дар кишварҳои ғолиби он ташкил мешавад.
Қадрдонии шоири тоҷик дар Чин: мукофоти "Шоири барҷаста" гирифт
Дар зимни ин ҷашнвораи адабӣ (ЛиФФт), ки ҳадафи он таҳкими эҷодкорӣ ва дӯстии нависандагону хонандагон дар Авруосиё ва эҷоди фазои ягонаи адабиёти авруосиёӣ мебошад, ҷоизаҳои гуногун тақдим мешавад.
Гуфта мешавад, қисмати ниҳоии ҷашнвора, ки дар он тақрибан 500 шоир аз 69 кишвар дар даври интихоботӣ ширкат доштанд, бо ширкати Туркия, Озарбойҷон, Амрико, Русия, Белгия дар Истанбул баргузор мегардад.

"Бо сабаби пандемия намояндагони Австрия, Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Исроил, Миср ва дигар кишварҳои мухталифи ҷаҳон ба таври онлайнӣ ширкат мекунанд", - омадааст дар хабар.

Садои шоирону носирони ҷаҳон аз 69 кишвари ҷаҳон дар саҳна ва экрани Маркази фарҳангии Истанбул "Yapı Kredi" дар майдони "Тақсим" пайдо мешавад ва дар дигар шабакаҳои иҷтимоӣ низ пахш мегардад.
Шоири тоҷик лауреати Ҷоизаи байналмилалии "Антуан де Сент-Экзюпери" дар соли 2021 гардид
Дар зимни он гиромидошти шоири барандаи ҷоизаи ҷашнвораи ЛиФФт-2019 Туғрул Танёл, ки дар Озарбойҷон бо ширкати адибони 52 кишвари ҷаҳон баргузор шуд, масорими эътои ҷоизаи барандаи Лиффт-2021, эълони кишваре, ки ҷашнвора дар соли 2022 дар он сурат мегирад ва супоридани мукофотҳо ба барандагон дар назар аст.