Пирӯзии маҷорӣ: видеои рақобати Ризозода дар Сербия

Варзишгари тоҷик Далер Ризозода ба даври тасаллибахши Ҷоми ҷаҳон расид, вале аз намояндаи Маҷористон Тамаш Леви шикаст хӯрд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 ноя — Sputnik. Намояндаи Тоҷикистон Далер Ризозода дар мусобиқаи Қаҳрамонии ҷаҳонии куштии юнониву румӣ дар Маҷористон дар вазни 77 кило ба даври ҷавобӣ роҳ ёфт.
Дар ин қаҳрамонӣ се куштигири тоҷик - Муҳаммад Икромов, Мустафо Аҳмадов аз намуди тарзи озод ва Далер Ризозода дар риштаи куштии юнониву румӣ ширкат мекунанд.
Далер Ризозода аввалин шуда, мусобиқаро оғоз кард. Ӯ аввал Брэндон Перези аз Колумбияро шикаст дод, вале баъд, мутаассифона, аз намояндаи Маҷористон Тамаш Леви шикаст хӯрд.
Ин барои ӯ анҷоми набард набуд, ӯ ба даври дигар роҳ ёфт ва бо Пер Албин Олафсон аз Шветсия қувваозмоӣ кард, вале боз мағлуб шуд.
Дар ҳоле ки Ҷоми ҷаҳонии Сербияро намояндагони куштии юнониву румӣ оғоз карданд, вале баъдтар дар ин сабқат занон низ ҳунарнамоӣ мекунанд ва куштигирони тарзи озод охирин шуда, рӯи татами хоҳанд баромад.
Далер Ризозода барандаи медали нуқраи Қаҳрамонии Осиё гардид
Қобили зикр аст, ки дар Қаҳрамонии ҷаҳон ҳудуди 620 варзишгар аз 58 кишвар ширкат мекунад.
Ёдовар мешавем, дар мавсими имсола Тоҷикистон ба феҳрасти ширкаткунандагони мусобиқоти Қаҳрамонии ҷаҳонии куштӣ ворид шуда буд. Маҳз Далер Ризозода буд, ки дар Осло кишварро намояндагӣ карда, дар он рақибаш аз Кения Матяо Маҳабиларо шикаст дод ва дар даври 1/8 финал аз Санан Сулаймонови озарбойҷонӣ шикаст хӯрд.