Қабули кодекси нави андоз дар Тоҷикистон: вазир гуфт, андозбандӣ сабук шуд

Ба гуфтаи мақомот, Кодекси андоз дар таҳрири нав сабукиҳоеро пешбинӣ кардааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 ноя – Sputnik. Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатияш тарҳи Кодекси андозро дар таҳрири нав тасвиб кард.
Ба вакилон Кодекси нави андозро вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода муаррифӣ карда гуфт, ки дар лоиҳаи ҷадид теъдоди умумии андозҳо аз 10 ба 7 адад расонда шуд.
Номбурда гуфт, дар лоиҳа меъёрҳои андоз аз арзиши иловашуда низ коҳиш дода шудааст.
Қаблан меъёри андоз аз арзиши иловашуда 18 фоиз буд, он дар лоиҳаи нав 15 фоиз пешбинӣ шудааст. Ҳамчунин давра ба давра, то соли 2027 кам шудани андоз аз арзиши иловашуда то 13 фоиз пешбинӣ шудааст.
Раҳмон ба мақомдорон: мақсад аз Кодекси нав зиёд намудани сарбории андоз нест
Нарзулло Маликзода, ноиби раиси Кумитаи андоз ва узви гурӯҳи таҳиякунандаи лоиҳаи кодекс пештар гуфта буд, ки дар лоиҳаи нав тартиби ҳисобу меъёрҳо нав шуд, ки ин, ба гуфтаи ӯ, албатта, талафот дар пай дорад.
Ӯ афзуд, ки дар марҳилаи аввал мушкил хоҳад буд, аммо интизор доранд, ки дар дурнамо соҳибкорӣ, аз ҷумла истеҳсол рушд мекунаду манбаъҳои нави андозбандӣ пайдо мегарданд.
Ба гуфтаи ӯ, дар лоиҳа андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомилгард аз феҳрасти молиёт хориҷ гардида, андоз аз фоида бо андоз аз даромад ва молиёт аз воситаи нақлиёт бо андоз аз молумулк муттаҳид карда шуданд.

“Меъёри андоз аз даромади шахсони ҳуқуқӣ барои фаъолияти истеҳсолӣ ба 13, барои дигар намуди фаъолият аз 23 ба 18 фоиз кам карда шуд. Ин андоз барои ташкилотҳои молиявии қарздиҳӣ ва ширкатҳои мобилӣ ба андозаи 20 фоиз таъйин гардид. То ҳол 23 фоиз буд”, - изҳор дошт Маликзода.

Ба гуфтаи ӯ, меъёри ягонаи андоз аз даромади шахсони ҳуқуқӣ ба андозаи 12 фоиз муайян шуд, ки қаблан 8 ва 13 дарсад буд.
Маликзода таъкид намуд, ки бо мақсади шаффофияти баҳисобгирӣ ва дақиқ нишон додани шумораи кормандону маош нисбат ба фаъолияти соҳибкорӣ меъёри андози иҷтимоӣ аз 25 фоиз то 20 фоиз кам карда мешавад.
Ёдовар мешавем, дар оғози соли равон Эмомалӣ Раҳмон, президенти кишвар Вазорати молия ва Кумитаи андозро муваззаф кард, ки Кодекси андозро дар таҳрири нав таҳия, сарбории зиёдро кам ва ҳамчунин сабукиҳоеро барои соҳибкорону сармоягузорон фароҳам намоянд.