Дастури Раҳмон барои таъмини барқу гармӣ ва захираи маводи ғизоӣ

Раисҷумҳури кишвар зимни машварати корӣ ба масъулин дар ҷиҳати омодагӣ барои зимистонгузаронӣ, захираи кофии маводи хӯрокӣ ва сӯзишворӣ, таъмини муассисаҳои иҷтимоию аҳолӣ бо барқу гармӣ дастуру супориш додааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 ноя — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки мақомоти раддаи аввали кишвар машварати корӣ баргузор кард.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии раисҷумҳури кишвар, дар машварати корӣ масъалаҳои вобаста ба таҳлили вазъи иқтисодию иҷтимоии кишвар, риояи қонунҳои амалкунандаи ҷумҳурӣ, омодагӣ барои зимистонгузаронӣ ва коҳиши таъсири омилҳои беруна ба иқтисоди Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумати кишвар, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои давлатӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ омода шудан барои зимистонгузаронӣ дастур додааст.
Дастури раиси Душанбе барои захира кардани картошка, сабзӣ ва орд барои зимистон
Ҳамзамон раисиҷумҳур барои захираи кофии маводи хӯрокӣ ва сӯзишворӣ, таъмини муассисаҳои иҷтимоию аҳолӣ бо барқу гармӣ, супориш додааст.
Эмомалӣ Раҳмон зимнан ба риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” таъкид кардааст.
Вобаста ба авзои ҷомеа, тағйирёбии иқлим, хушксолӣ, камобӣ, ба таври кофӣ захира кардан ва истифодаи сарфакоронаи маводи хӯрокӣ ва худдорӣ намудани аҳолӣ аз маъракаҳои пурхароҷ президент супоришҳои мушаххас додааст.