Суруди баҳсбарангези Юлдуз аз саҳна бардошта мешавад - тафсилот

Дар ояндаи наздик суруд бо услуби нав садо хоҳад дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 2 ноя – Sputnik. Суруди ситораи эстрадаи Ӯзбекистон Юлдуз Усмонова "Хаста бӯлма" аз саҳнаи мусиқӣ бардошта мешавад.
Тарона аз "YouTube", шабакаҳои иҷтимоӣ ва тамоми платформаҳои мусиқии рақамӣ ҳазф мешавад.
Инчунин ин трекро дигар аз тариқи телевизион ва радио пахш намекунанд.
Дар ҳамин ҳол намояндагони Усмонова эълон карданд, ки таронаи “Xasta bo'lma" ба зудӣ бо тарзу услуби нав садо хоҳад дод.
Ёдовар мешавем, чанд рӯз пеш додгоҳи байниноҳиявии Мирзо Улуғбек дар бораи ситонидани 185 миллион сӯм (тақрибан 17 ҳазор доллар) аз приммадонаи Ӯзбекистон ҳукм баровард.
Сароянда ба нақзи ҳуқуқи муаллиф муттаҳам мешавад. Ӯ дар таронаи худ аз шеъри шоир Юлчй Рӯзиев истифода кардааст.
Юлдуз Усмоноваро ба додгоҳ кашиданд ва маблағи ҳангуфт ҷарима бастанд
Акнун Усмонова бояд ин нақзи ҳуқуқро ҷуброн кунад.
Бисёре аз ҳамкорони ӯ дар шоу-бизнес ба тарафдории Усмонова садо баланд кардаанд. Аз ҷумла, ҳунарпешаи ӯзбек Ҳалима Иброҳимова ӯро пуштибонӣ кардааст.