Дар Тоҷикистон Рӯзи театри тоҷик таҷлил мешавад

Ин барномаи фарҳангӣ ба муносибати Рӯзи театри тоҷик дар Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи М. Воҳидов баргузор мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 2 ноя — Sputnik. Дар Тоҷикистон панҷуми ноябр аз Рӯзи театри тоҷик таҷлил мекунанд, хабар медиҳад Вазорати фарҳанг.
Ба иттилои манбаъ, чорабинии фарҳангӣ ба ин муносибат дар Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи М. Воҳидов баргузор мегардад.
Вазорат мегӯяд, ҳамаи мухлисону ҳаводорони намоишҳои театрӣ метавонанд дар ин рӯз ба театри ба номи Воҳидов раванд.
Гиряву хандаи Убайдулло Раҷабов: нақшҳои дидании ҳунарманд дар театр ва кино - видео
Маврид ба зикр аст, ки дар нуҳмоҳаи соли ҷорӣ дар театрҳои касбии кишвар 26 асари нав ба саҳна гузошта шуд, ки аз ин шумора дар театрҳои пойтахт 6 ва дар музофотҳо 20 намоиш рӯи саҳна омад.
Дар Тоҷикистон ҷамъан 18 театри касбӣ, 6-то дар шаҳри Душанбе, 7-то дар вилояти Суғд, 4-то дар вилояти Хатлон, 1 театр дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон фаъолият мекунад.
Илова бар ин 4 театри дигари касбӣ низ таъсис дода шудааст.