Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо

Дар Тоҷикистон кӯдаконро алайҳи бемории COVID-19 ваксина намекунанд

Дар Тоҷикистон то 1 ноябр аллакай 2 миллиону 700 ҳазору 548 нафар ва ё 46,4 дарсади аҳолӣ алайҳи вируси COVID-19 ваксина гирифтааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 2 ноя — Sputnik. Дар Тоҷикистон то ҳол масъалаи ваксиназании кӯдакон бар зидди коронавирус баррасӣ нашудааст. Дар ин бора сомонаи "Авеста" бо истинод ба сардори Раёсати амнияти санитарию эпидемиологӣ оид ба ҳолатҳои изтирорӣ ва ёрии таъҷилии тиббии назорати тандурустӣ Наврӯз Ҷаъфаров хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, тибқи талаботи Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт, масъалаи эмкунии кӯдакон бар зидди коронавирус танҳо пас аз эмкунии беш аз 60 дарсади аҳолии калонсол матраҳ мешавад.
Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Вазорати тандурустӣ теъдоди ваксиншудаҳо дар Тоҷикистонро эълон кард
Наврӯз Ҷаъфаров зикр намудааст, ки то 1 ноябр 2 миллиону 700 ҳазору 548 нафар ё худ 46,4 дарсади аҳолии калонсоли кишвар алайҳи коронавирус моякӯбӣ шудаанд.
Миқдори дуюми ваксинаи COVID-19-ро то санаи зикршуда 2 миллиону 150 ҳазору 542 нафар ё 36,9 фоизи аҳолӣ гирифтааст.
Маврид ба зикр аст, ки ваксиназанӣ дар Тоҷикистон ҳамоно идома дорад.
Аҳолии кишвар 5 намуди ваксинаҳои зидди COVID-19 мегирад, ки инҳо "CoronaVac", "AstraZeneca", "Moderna", "Pfaizer" ва "Спутник V" мебошанд.