ДУШАНБЕ, 2 ноя — Sputnik. Авохири ин ҳафта Тоҷикистон аз Чин боз 500 000 воя ваксина дарёфт мекунад.
Дар ин бора Наврӯз Ҷаъфаров, сардори Раёсати амнияти санитарию эпидемиологӣ оид ба ҳолатҳои изтирорӣ ва ёрии таъҷилии тиббии азорати тандурустӣ хабар дод.
"Рӯзи 7-уми ноябр Тоҷикистон ба унвони кумаки башардӯстона аз Чин 500 000 воя ваксини "CoronaVac" дарёфт мекунад", - изҳор доштааст Ҷаъфаров.
Бояд зикр намуд, ки дар чаҳорчӯби механизми COVAX ва кумакҳои башардӯстона ба кишвар ҳудуди 5 миллион воя ваксинаҳои зидди коронавирус ворид шудааст.
Феълан дар Тоҷикистон 5 намуди ваксинаҳои зидди COVID-19 мавҷуданд, ки инҳо "CoronaVac", "AstraZeneca", "Moderna", "Pfaizer" ва "Спутник V" мебошанд.
Тибқи қарори Ситоди ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бо коронавирус, аз 3 июли соли ҷорӣ шаҳрвандони аз 18-сола боло тариқи ройгон бо ваксина таъмин карда мешаванд.