ДУШАНБЕ, 2 ноя – Sputnik. Тими олимпии Тоҷикистон (U-23), ки дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 дар гурӯҳи “В” ҷои дуюмро ишғол кард, ба марҳилаи финалӣ роҳ ёфт.
Дастаҳои футболи ҷавонони то 23-солаи қораи Осиё дар марҳилаи интихобӣ дар 11 гурӯҳ бозӣ карданд. Тибқи низомнома, ғолибони гурӯҳҳо ва чаҳор дастаи беҳтарини ҷои дуюми гурӯҳҳо имкони иштирок дар марҳилаи финалиро пайдо намуданд.
Тими олимпии Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии гурӯҳи “В”, ки 25-31 октябр дар Душанбе доир гашт, бар дастаҳои Лубнон (1:0) ва Непал (6:0) ғалаба карда, аз дастаи Эрон (2:3) шикаст хурду ҷои дуюмро сазовор гардид.

Барои расидани Тоҷикистон ба финали Ҷоми Осиё бояд бозии дастаҳои Ветнам ва Мянмар бо ҳисоби ғайр аз 4:3 (5:4, 6:5 ва ғайра) анҷом меёфт, ки чунин шуд.
Бозии дастаҳои Ветнам ва Мянмар, ки барои тими мунтахаби олимпии Тоҷикистон низ ҳалкунанда буд, рӯзи дуюми ноябр дар Бишкек баргузор шуда, ки бо ҳисоби 1:0 поён ёфт.
Ҳамин тариқ Узбекистон ба ҳайси мизбон, дастаҳои олимпии Қатар, Эрон, Ироқ, Кувейт, АМА, Урдун, Австралия, Кореяи Ҷанубӣ, Ветнам, Малайзия, Ҷопон аз ҷои аввали гурӯҳҳо ба даври финалӣ роҳ ёфтанд.
Ҳамин тариқ Узбекистон ба ҳайси мизбон, дастаҳои олимпии Қатар, Эрон, Ироқ, Кувейт, АМА, Урдун, Австралия, Кореяи Ҷанубӣ, Ветнам, Малайзия, Ҷопон аз ҷои аввали гурӯҳҳо ба даври финалӣ роҳ ёфтанд.
Тимҳои Тайланд, Арабистони Саудӣ, Турманистон ва Тоҷикистон низ аз ҷои дуюми гурӯҳҳо ҳуқуқи иштирок дар марҳилаи финалии Ҷоми Осиё-2022-ро пайдо карданд.