Раисҷумҳури ИМА дар Аврупо: Чӣ гуна Русия маҷбур ба пардохт ва тавба хоҳад шуд

"Ман шавҳари Ҷилл ҳастам",- худро муаррифӣ кард президенти Амрико ба мақомоти калисои Ватикан, ки бо ӯ мулоқот карданд. Ин шӯхӣ барои ҳама рӯйдодҳои Шаҳри абадӣ рӯҳияи бемаънӣ эҷод кард: аз мулоқотҳои Ҷо Байден бо раҳбарони Аврупо то нишасти дурӯзаи G20.
Sputnik
ДУШАНБЕ, 2 ноя — Sputnik, Виктория Никифорова. Ҳамааш аз гузариши кортежи президент аз кӯчаҳои Шаҳри абадӣ оғоз ёфт. Он ба рамзи "шароити нави муқаррарӣ " монанд буд. Кӯчаҳои абадии серодами Рум холӣ буданд, ки гӯё онҳоро бомбборон карда бошанд.
Сафи бепоёни маъмурони амниятӣ дар канори роҳравҳо буд. Ва як корвони комилан аҷиби мошинҳои зиреҳпӯш оҳиста-оҳиста қад-қади пиёдагардҳо ҳаракат мекард: президенти Иёлоти Муттаҳида ва ҳамроҳонаш бо ҳаштоду ду мошин ба Ватикан барои мулоқот бо попи Рум сафар мекарданд.
Солҳои зиёд ба мо мефаҳмонданд, ки ҷаҳонро дасти ноаёни бозор идора мекунад. Аммо фаъолияти раисҷумҳури Амрико дар се рӯзи ахир ба гунае буд, ки гӯё ин дасти ӯст, ки ҷаҳони Ғарбро идора мекунад ва комилан бо "гандуми сиёҳ" пӯшонида шудааст.
Дар Ватикан Байден на танҳо бо Поп Франсис мулоқот кард, балки муносибатҳояшро бо президенти Фаронса, ки на як бор ӯро ранҷондааст, аз сар гирифт. Эммануэл Макрон ҳақ дошт, хашмгин шавад. Сабаби аввал метавонист ҷабҳаи Афғонистон бошад. Байден ҳатто бидуни машварат бо иттифоқчиёни аврупоияш дар НАТО нерӯҳои худро аз ин кишвар берун кард.
Амрико, Русия ва Аврупо алайҳи Украина муттаҳид шуданд
Сипас як зарбаи дигар ворид кард: ИМА Австралияро ба иттиҳоди нави низомии AUKUS даъват намуд ва дар ин ҳолат ӯро маҷбур кард, ки шартномаи чандмиллиарддоллариро барои харидории киштиҳои зериобии Фаронса бекор кунад. Дар баробари ин фаронсавиҳо нишон доданд, ки минбаъд дар регзори анъанавии худ — кишварҳои Хиндучин америкоиён, англисҳо ва австралиягиҳо роҳбарӣ мекунанд. Пас аз он Макрон чунон хашмгин шуд, ки бори аввал дар таърих сафирашро аз Вашингтон фаро хонд.
Бо ин ҳол дар мулоқот бо Байден дар сафорати Фаронса дар Ватикан президентҳо рӯшан гуфтаанд, ки низоъ поён ёфтааст. Байден нақши солхӯрдаи барҷомондаро хеле бомуваффақият бозид, ки барои ҳеҷ чиз масъул нест ва дар куҷо будани худро намефаҳмад.
"Ман намедонистам," - ӯ ба саволи хабарнигор посух дод. "Ман фикр мекардам, ки Фаронса (дар бораи таъсиси AUKUS) хабардор шудааст". Президент Макрон ҳеҷ гуна узрхоҳиеро интизор нест. Сабти нишасти матбуотӣ ба таври рӯшан нишон медиҳад, ки ӯ то чӣ андоза хашмгин ва худдорӣ кардан барояш душвор аст.
Президенти ИМА кӯшиш кард, ки масъалаи бо энергия таъмин намудани Аврупоро ҳал кунад. Ӯ ба Меркел дастур дод, ки "Украинаро дастгирӣ кунад". Гап сари он аст, ки дар сурати набудани хатти лӯлаи газ ин минтақа барояшон як ҷомадони бедаста хоҳад буд. Амрикоиҳо ва аврупоиҳо онро ба ҳамдигар мезананд ва намедонанд бо он чӣ кор кунанд.
Дар моҳи сентябр сарварони Олмону ИМА гӯё созиш карданд. Меркел ё ҷойгузини ӯ Русияро водор хоҳад кард, ки Украинаро то соли 2034 бо газ таъмин кунад. Ва барои ин амрикоиҳо ба олмониҳо иҷоза хоҳанд дод, ки аз тариқи "Маҷрои шимоли 2" газ бигиранд.
Путин: поинравии ММД Русия нисбат ба кишварҳои Аврупо ва Амрико камтар аст
Ҳамаи ин замоне барои мо ҳамчун "бозори озод" гуфта мешуд. Дар хотир доред, ки чӣ гуна мо як вақтҳо саъй мекардем, ба СҶТ пайвандем, чӣ гуна ба системаи қоидаҳои содда ва шаффоф умед доштем, ки ба мо имкон медиҳад, бо иқтисоди ҷаҳонӣ ҳамгиро шавем? Аммо ин ба вуқуъ пайвасту ба табъизу сӯистифода аз захираҳои маъмурӣ дучор шудем.
Ин ҳама меъёрҳои бозории "бастаи сеюми энергетикӣ"-и Иттиҳоди Аврупоро хароб мекунад. Ҳанӯз маълум нест, ки таҳримҳо барои чӣ ҷорӣ шудаанд. Оё ягон каси дигар сабаби онҳоро дар хотир дорад? Аммо ҳоло фикр кунед, барои оғози тиҷорати газ тавассути лӯлаи гази аз ҷониби мо сохташуда, аз чӣ сабаб бошад, ки Украинаро бояд ба назар гирем. Ва он гоҳ амрикоиҳо барои олмониҳо монеа эҷод намекунанд.
Мулоқоти президенти ИМА бо роҳбарони Ғарб дар Рум мушкили асосии сиёсати хориҷии Амрикоро ба намоиш гузошт. ИМА дигар созишнома, шартнома, конвенсияҳои гуногунро ба соири кишварҳо таҳмил мекунад. Ва он гоҳ он аз ҳамаи ин созишномаҳо бо осонии бениҳоят берун меояд ва кӯшиш мекунад, ки “аз роҳи дастӣ” ин "масъалаҳоро ҳал кунанд".
Дар солҳои охир ҳатто ҳампаймонони наздиктарин ва боэътимод ҳам аз нотавонии ИМА дар гуфтушунидҳо зарар диданд. Вошингтон дар соли 2015 аз созиш дар бораи барномаи ҳастаии Эрон пуштибонӣ карда, дар соли 2018 аз он хориҷ шуд ва ҳоло хостори нишасти дубора сари мизи музокира шудааст.
Ҳамчунин ин кишвар бо Аҳдномаи иқлимии Порис чунин муносибатро раво дид. Соли 2015 Иёлоти Муттаҳида вориди он ва дар соли 2020 аз он хориҷ, дар соли 2021 бошад, дубора вориди паймон шуд.
Эпидемияи хорея дар Аврупо: Русия гунаҳкор аст
Кишварҳое, ки дар ин гуна созишномаҳои байналмилалӣ иштирок мекунанд, уҳдадориҳои худро сидқан иҷро менамоянд. Масалан, онҳо истеҳсолоти саноатиро тоза, партовҳои карбонро кам мекунанд, дар омади гап, имрӯз Русия дар ҷиҳати суръати коҳиши онҳо қаҳрамони ҷаҳон шудааст. Ва Иёлоти Муттаҳида - бузургтарин тавлидкунандаи CO2 танҳо дар бораи гармшавии глобалӣ ҳарф мезанаду башариятро ба таҳлука меафканад ва худи он ҳатто дар бораи гузариши энержӣ ҳатто фикр ҳам намекунад.
Бигзор ҳампаймонони аврупоӣ дар хонаҳои худ ях кунанд, барои бензин дар навбат истода, бо хатари воқеии гуруснагӣ рӯ ба рӯ шаванд. Дар Амрико гӯё хич воқеае руй надода бошад, нафт мекашанд, газ мебароранд ва фоида мегиранд.
Вашингтон бо гармшавии глобалӣ ба таври аҷиб мубориза мебарад. Кишварҳо ҳич як андози карбонро ҷорӣ накардаанд: аврупоиҳоро маҷбур кардан ба ин кор фоидаовартар аст.
Агар хироҷгузорон ҷуръати шикоят кунанд, аз таҳдидҳои мустақим дар қиболи онҳо истифода мешавад. Танҳо дар остонаи сафари Байден ба Аврупо рӯзномаи “Financial Times” назари бархе аз манобеи номаълуми аврупоиро нашр кард, ки гуфта мешуд, кишварҳои Иттиҳоди Аврупо аз Иёлоти Муттаҳида хостаанд, ки ба ҳеҷ ваҷҳ аз консепсияи зарбаи аввалини ҳастаӣ даст накашад. Аврупоиён мегӯянд, онҳо бидуни чатри ​​ядроии Амрико зиндагӣ карда наметавонанд. Ин чатр барои тарс аз кист? Албатта, аз Русия ва аз Чин.
Лавров гуфт, НАТО намехоҳад бо Русия ҳамкорӣ дошта бошад
Пандемияи коронавирус, албатта, дар тасмими президент Путин ва раҳбари Чин Си Ҷинпин дар бораи нарафтан ба нишасти G20 ва саммити иқлимӣ дар Глазго нақш бозид. Вале нотавонбинӣ барои гуфтушуниди шарикони ғарбӣ боз ҳам муҳимтар аст.
Хуб, мо созишномаҳои навро имзо мекунем, хуб, мо ба татбиқи софдилона шуруъ мекунем ва баъд мебинем, ки кишварҳои пешрафтаи Аврупо аллакай аз ин қатор баромадаанд ва Вашингтон ҳеҷ гоҳ ба он нанишастааст. Ва ба гунае маълум мешавад, ки баҳрабардори асосии ҳамаи созишномаҳо амрикоиҳо хоҳанд буд, чизе ба аврупоиҳо интиқол дода мешавад ва Русия мисли ҳамеша маҷбур мешавад, ки пардохту тавба кунад.
Ҷо Байден сиёсати нави зидди гармшавии Амрикоро дар он ҷо муаррифӣ кард. Вай дар ин бора дар маҷаллаи бонуфузи “Foreign Affairs” муфассал маълумот медиҳад. Моҳияти ин аз он иборат аст, ки давлатҳои сохибихтиёр дигар тамоман лозим нестанд, зеро хукуматҳои онҳо "фалокати иқлимӣ"-ро рафъ карда наметавонанд.
Аз ин рӯ шумо бояд ҳукумати ҷаҳонӣ таъсис диҳед. Онро амрикоиҳо идора хоҳанд кард, аммо баъзе мавқеъҳо барои ҳампаймонони аврупоӣ, пеш аз ҳама Бритониё маҳфуз хоҳанд буд. Бозёфтҳои умедбахши Амрико ин аст, ки "сарватҳои давлат моли миллии он нестанд, онҳо ба тамоми ҷаҳон тааллуқ доранд". Агар давлати сохибихтиёр сарватҳои табиии худро ба гунаи нодуруст ихтиёрдорӣ кунад, сазовори мудохилаи хориҷӣ аст.
Зебоии сиёсати нави иқлими Амрико дар чист? Вай ба он давлатҳое дахл дорад, ки дар бораи муҳити зист созишномаҳои гуногуни байналхалқӣ имзо кардаанд. Масалан, Конвенсияи ҳифзи гуногунии биологӣ. Он соли 1992 қабул шудааст, дар байни имзокунандагон кишварҳои зиёде ҳастанд - аз Буркина Фасо то Чин, аз Русия то Ҷазираҳои Кук.
Он гоҳ онҳо фикр карданд, ки гуногунии биологӣ чизи хеле зебо, дар бораи наҳангу шабпаракҳост. Тавре шумо ҳадс мезанед, ИМА мисли бисёре дигар аз созишномаҳои экологӣ ҳатто дар фикри имзо кардани ин конвенсия набуд. ИМА дар ин ҷо як кишвари воқеан истисноӣ аст, ки мустақилона наҳангҳо ва шабпаракҳои худро нигоҳубин мекунад. Ва дар баробари ин муроқиби бегонагон низ ҳаст.
Путин ваъда дод, ки тааҳҳудот дар бораи транзити газ тавассути Украинаро иҷро мекунад
Тамоми рӯзномаи иқлимӣ аз он иборат аст: амрикоиҳо ба хироҷгузорони аврупоии худ пешниҳод мекунанд, ки дар ғорати Русия ва Чин ширкат кунанд. Он мисли ҷуброн барои гузариши энержӣ хоҳад буд. Чинро боҷ ва таъруфаҳо иҳота менамоянд, Русияро низ. Илова бар ин мо захираҳои худро дорем, ки таври маълум, дигар аз они мо нестанд. Онҳо чунон бисёранд, ки бинобар он моро ҷанги ҳақиқӣ тахдид мекунанд.
Албатта, на ИМА ва на Аврупо барои амалӣ гардондани ин сиёсат ягон фишанг надоранд. Набудани Путин ва Си Ҷинпин дар Рум ва Глазго боис ба ихтори ҷиддӣ шуд. Бе онҳо тамоми ин коргоҳи суханпардозӣ оянда надорад.
Шояд "шавҳари Ҷилл" тамоми ҷаҳонро идора кунад. Шояд ӯ ҳатто фикр кунад, ки дар коинот ҳукмронӣ менамояд. Бо вуҷуди ин вақте ки саммитҳо ба итмом мерасанд ва Байден онҳоро тарк мекунад, аврупоиҳо бояд ба ҷаҳони воқеӣ баргарданд.
Дар он ҷо бояд равобити хуб ва мутақобилан судмандро бо Русия ва Чин барқарор кард ва ҳарчи бештар доду фарёдҳои Вашингтонро нодида гирифт. Ин, албатта, осон нест, вале вақти одат кардан ба он расидааст.