ДУШАНБЕ, 2 ноя — Sputnik. Ҷопон дар чаҳорчӯби лоиҳаи наҷот ва рушди барвақти кӯдакон ба Тоҷикистон барои харидории ваксинаҳо тақрибан 3 миллион доллар ҷудо мекунад, хабар медиҳад Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии кишвар.
Давоми се сол ба кишвар доруҳое барои ҳифзи кӯдакон аз сурхча, гепатити В, инчунин асбоби дахлдори эмкунӣ ворид карда мешавад.
Интизор меравад, дар зимни ин тарҳ наздик ба як миллион кӯдак дар 67 навоҳӣ ва шаҳри Тоҷикистон кумаки мустақим дарёфт кунад.
Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустии Тоҷикистон имзои ёддошти тафоҳумро дар ин бора идомаи ҳамкориҳои мутақобилан судманди сеҷониба номид.
Ин тарҳ дар Тоҷикистон бо кумаки Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) амалӣ мешавад.