ДУШАНБЕ, 2 ноя — Sputnik. Мақомоти Ҳинд интизор доранд, ки дар нишасти намояндагони хадамоти амнияти миллии ин кишвар мақомоти баландпояи Русия, Покистон, Чин, Эрон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ширкат мекунанд.
Дар ин бора сафири Ҳиндустон дар Федератсияи Русия Бала Венкатеш Варма қабл аз анҷоми рисолаташ хабар дод.
Дар Деҳлӣ, бахусус боздиди котиби Шӯрои амнияти Федератсияи Русия Николай Патрушев дар назар аст, афзуд сафир дар муколама бо ТАСС.
"Баргузории ҷаласаи намояндагони воломақоми хадамоти амнияти миллии кишварҳои минтақа 10 ноябр дар Ҳиндустон дар назар аст. Генерал Патрушев даъват шуда буд ва эҳтимоли зиёд аст, ки ӯ ширкат мекунад. Мо ҳоло интизори тасдиқи даъват ҳастем, аммо ӯ як иштирокчии хеле муҳим дар муколама хоҳад буд", - гуфт сафир.
Дипломат таъкид кард, ки машваратҳо миёни Федератсияи Русия ва Ҳиндустон дар бораи Афғонистон дар сатҳҳои гуногун ҷараён доранд.