Украина кумак мекунад: Таъсиси мактаби содирот дар Тоҷикистон

Мудири Агентии содирот ва Роҳбари Донишкадаи байналмилалии менеҷменти Киеви Украина таъсиси мактаби содиротро баррасӣ намуданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 ноя — Sputnik. Ахиран мулоқоти Шавкат Бобозода, мудири Агентии содироти назди Ҳукумати Тоҷикистон бо Ирина Тихомирова, президенти Донишкадаи байналмилалии менеҷменти Киеви Украина баргузор шуд, иттилоъ додааст дафтари матбуотии Агентии содирот.
Зимни мулоқот тарафҳо масоили дарёфти бозорҳои содиротӣ, баланд бардоштани малакаи соҳибкорон, шароити мусоидат ба рушди содироти маҳсулоти кишоварзиро баррасӣ намуданд.
Ҳамзамон зимни мулоқот масъалаи таъсиси мактаби содиротӣ дар назди Агентии содирот баррасӣ шуд.
Содирот ба 16 кишвар: афзоиши ҳаҷму номгӯ ва содироти маҳсулот аз Хуҷанд
Таъкид шудааст, ки вазифаҳои асосии мактаби содиротӣ пешниҳоди хидматрасониҳои босифат ва касбӣ ба содиркунандагон тавассути дастгирии методологӣ, иттилоотӣ, машваратии марбут ба рушди ҳамкории миёни содиркунандагон, бастани шартномаҳои содиротӣ, инчунин омӯзиш дар таҳияи барномаҳо ва нақшаҳои рушди содирот, дар маҷмуъ ташкили ҳамкории самарабахши субъектҳо бо мақомоти давлатӣ мебошанд.
Дар ҳоли ҳозир, Агентии содирот якҷоя бо созмонҳои байналмилалӣ барои баланд бардоштани малакаи соҳибкорон дар самти омода намудани нақшаҳои пешбурди фаъолият ва содироти маҳсулот, масъалаи таъсиси Мактаби содирот дар минтақаҳои ҷумҳурӣ, дастгирии иттилоотӣ ва таълимии субъектҳои содиркунанда барои ворид шудан ба сатҳи савдои байналмилалӣ ва баланд бардоштани самаранокии таъминоти содиротии онҳо кор мебарад.