Дар Тоҷикистон парки технологӣ таъсис меёбад?

Мақомоти Тоҷикистон эълон кардаанд, ки дар ояндаи наздик Қонун “Дар бораи паркҳои технологӣ”-ро қабул хоҳад кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 ноя — Sputnik. Дар оянда дар Тоҷикистон Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи паркҳои технологӣ” дар таҳрири нав бо дарназардошти таъсиси паркҳои технологияҳои иттилоотӣ (IT Park) дар заминаи таҷрибаи пешрафтаи ҷаҳонӣ қабул карда мешавад, иттилоъ додааст дафтари матбуотии Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон.
Бинобар иттилои манбаъ, дар иртибот ба ин дар Душанбе нахустин ҷаласаи гурӯҳи кории байниидораӣ барои баррасии лоиҳаи қонуни мазкур баргузор шуд.
Дар ин ҷаласа Фарҳод Билолзода, муовини вазири саноат ва технологияҳои нав зикр намуд, ки лоиҳаи Қонун “Дар бораи паркҳои технологӣ” дар таҳрири нав бо дарназардошти таъсиси паркҳои технологияҳои иттилоотӣ (IT Park) дар заминаи таҷрибаи пешрафтаи ҷаҳонӣ бо дастгириву кумаки техникии шарикони рушд - Барномаи Рушди СММ, КБМ ва САҲА, бо ҷалби коршиносони милливу байналмилалӣ, бо назардошти гузаронидани таҳлилҳои соҳавӣ таҳия гардидааст.
Русия муҳоҷиронро тариқи IT-технология назорат мекунад
Таъкид шудааст, ки қабули санади мазкур заминаи мусоидро бо шароити ҷолиб ва ҳавасмандкунанда барои рушди фаъолияти соҳибкорӣ дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ, ҷорӣ намудани инноватсия дар саноат ва пайвастани илм бо истеҳсолот фароҳам меорад.
“Рӯзҳои наздик аз ҷониби гурӯҳи корӣ лоиҳаи ин санад баррасӣ шуда, дар бораи қабули он ба Ҳукумати Тоҷикистон таклифҳои мушаххас пешниҳод мегарданд”, - қайд кардааст Билолзода.