Аз Теҳрон то Пекин: Чин мизбони Нишасти вузарои хориҷаи ҳамсоягони Афғонистон мешавад

Вазорати умури хориҷии Эрон гуфт, Чин мизбони савумин Нишасти вазирони умури хориҷии кишварҳои ҳамсояи Афғонистон хоҳад буд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 ноя — Sputnik. Саиди Хатибзода, сухангӯи Вазорати умури хориҷии Эрон ахиран дар як нишасти хабарӣ аз баргузории савумин Нишасти вузарои хориҷаи ҳамсоягони Афғонистон ба мизбонии Чин хабар дод.
Вай ҳамчунин нишасти Теҳрон дар бораи вазъияти Афғонистонро муассир хонд ва гуфт, баёнияи ниҳоӣ дастоварди ин нишаст буд.
Пештар Ван И, вазири хориҷаи Чин эълом карда буд, ки Пекин метавонад даври навбатии дидорҳо бо ҳамсоягони Афғонистонро баргузор кунад.
“Толибон”*: Ба касе иҷоза намедиҳем, аз хоки Афғонистон ба Чин таҳдид кунад
Нишасти дувуми ҳамсоягони Афғонистон бо иловаи Русия ҳафтаи пеш дар Теҳрон баргузор шуд, ки дар он вузарои хориҷа бо нашри як баёнияи муштарак ба ташкили ҳукумати фарогир ва мубориза бо терроризм дар Афғонистон даъват карданд.
Онҳо аз “Толибон” (мамнуъ дар Тоҷикистон ва Русия) хостаанд, нагузоранд, ки аз хоки Афғонистон ба ҳамсоягонаш таҳдид шавад.