ДУШАНБЕ, 1 ноя — Sputnik. Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, дар бораи аҳамияти ҷилавгирӣ аз ноором шудани вазъ дар кишварҳои ҳамсояи Афғонистон гуфт. Дар ин бора вазир дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии "Россия 24" хабар дод.
Лавров қайд кард, ки барои Русия вазъ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ аҳамияти бунёдӣ дорад, зеро онҳо амалан бо Федератсияи Русия марз надоранд ва режими бидуни раводид тақрибан бо ҳамаи кишварҳои минтақа амал мекунад.
"Пеш аз ҳама, ин зарурати пешгирӣ аз ноором шудани кишварҳои ҳамсоя, пешгирии "паҳн шудани" таҳдидҳои террористӣ ва маводи мухаддир аз Афғонистон, зарурати рафъи ин таҳдидҳо дар дохили худи Афғонистон аст", - таъкид кард вазир.
Сергей Лавров қайд кард, ки барои Русия аз ҳама муҳим суботи кишварҳои Осиёи Марказӣ аст.
Ёдовар мешавем, ки дар авоили моҳи август созмони террористии "Толибон" ҳамлаҳои худро дар Афғонистон афзоиш дода, 15 август ҳукуматро ба даст гирифтанд.
Шаби 31 август низомиёни амрикоӣ фурудгоҳи Кобулро тарк карда, ба ҳузури тақрибан 20-солаи худ дар ин кишвар хотима доданд.
Моҳи сентябр ҳайати ҳукумати муваққат дар Афғонистон эълон шуд, вале "Толибон"* ба ваъдаҳои қаблии худ дар бораи ташкили ҳукумати фарогир вафо накарданд.
Ҳамакнун ин гуруҳи террористӣ беш аз ду моҳ аст, ки дар сари қудрат қарор дорад, аммо то кунун ҳеҷ кишваре онҳоро ба расмият нашинохтааст.