ДУШАНБЕ, 1 ноя — Sputnik. Ноиби мири Маскав Андрей Бочкарев гуфт, ки дар пойтахти Русия коргарон ва муҳандисон дар сохтмонҳо кофӣ нестанд, менависад РБК.
Ба гуфтаи ӯ, дар сохтмонҳои Маскав тақрибан 80 ҳазор нафар намерасанд ва чунин норасоӣ 40% ҳисоб мешавад.
Бочкарев бар ин назар аст, ки ин пеш аз ҳама ба суръати баланди сохтмон дар чаҳорчӯби барномаи бозсозӣ дар минтақа марбут аст.
Ба гуфтаи ноиби шаҳр, бисёре аз муҳоҷироне, ки дар Маскав кор мекарданд, дар давраи пандемия рафтанд - аз 120 ҳазор нафар танҳо 40 ҳазор нафар боқӣ мондаанд. Ҳайати коргарони миллӣ низ тағйир ёфт.
Агар қаблан муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистон фаъолона ворид мешуданд, ҳоло онҳо асосан аз Ӯзбекистон ва Қирғизистон меоянд. Дар баробари ин дар сохтмонхо сокинони навоҳии Москва низ бештаранд.
Бочкарев ҳамчунин тавзеҳ дод, ки маоши миёнаи як муҳоҷир дар сохтмон аз 30 ҳазор рубл ба 50-60 ҳазор рубл расидааст.
"Аммо бисёриҳо аллакай барои 80 ҳазор кор кардан намехоҳанд", - афзуд муовини раиси шаҳр.
Дар ҳамин ҳол, ӯ гуфт, ки мақомоти пойтахт нақшаи рафъи бӯҳрони кадрӣ дар сохтмонҳоро омода мекунанд, ки дар он дасткашӣ аз истифодаи нерӯи кории муҳоҷирон низ дар назар аст.
Ба фикри ӯ, худи рафти сохтмон низ бояд се баробар кам одамро талаб кунад ва маоши бинокорон ду-се баробар зиёд бошад.