Чор варзишгари тоҷик дар Белград ба ҳаштякфинал роҳ ёфт

Аз 8 нафар иштирокчии Қаҳрамонии бокси ҷаҳон аз Тоҷикистон 4 нафар ба даври 8/1 финал роҳ ёфт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 31 окт — Sputnik. Дар пойтахти Сербия шаҳри Белград, ки Қаҳрамонии бокси ҷаҳон миёни мардҳо ҷараён дорад, ба даври ҳаштякфинал расид, хабар медиҳад Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, се варзишгари тоҷик 30 октяр дар даври 16/1 финал баромад намуданд, ки дар натиҷа Баҳодур Усмонов ва Шаббос Неъматуллоев бар рақибони худ дастболо шуданд. Намояндаи савуми Тоҷикистон Абдумалик Болтаевро ҳарифаш аз Ҳиндустон шикаст дод.
Ҳамин тариқ рақобатҳои даври 16/1 финали Қаҳрамонии ҷаҳонии бокс миёни мардҳо ба анҷом расид. Дар натиҷа аз ҳашт нафар иштирокчии Тоҷикистон 4 нафар ба 8/1 финал роҳ ёфтанд.

Зимнан 31 октябр Абдураҳмон Ёқубов ва Ҷаҳон Қурбонов бо ҳарифони худ аз Доминикан ва Ҳиндустон вориди рақобат мешаванд.
Шаббос Неъматуллоев дар Чемпионати ҷаҳонии бокс ҳарифи олмонияшро шикаст дод: видео
Инчунин рӯзи 1-уми ноябр Баҳодур ва Шаббос бо намояндагони Ирланду Тайланд қувва месанҷанд.
Қаҳрамонии бокси ҷаҳон миёни мардҳо дар шаҳри Белгради Сербия то 6 ноябр идома меёбад. Дар он беш аз 500 варзишгар аз 88 кишвари ҷаҳон ширкат мекунад. Рақобатҳо дар 13 вазн сурат мегиранд.

Бори аввал дар таърихи чемпионат ғолибон дар баробари медал бо ҷоизаи пулӣ дар ҳаҷми 100 000 доллар ва камарбанд, барандагони ҷойҳои дуюму сеюм бошанд, дар баробари медал мутаносибан бо ҷоизаи пулӣ дар ҳаҷми 50 000 ва 25 000 доллар қадрдонӣ мешаванд.