ДУШАНБЕ, 31 окт — Sputnik. Ба нақл аз Sputnik Афғонистон, Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи Толибон ахиран дар як нишасти хабарӣ дар Кобул гуфт, ки "танҳо Афғонистон ба расмият шинохтан маҷбурият надорад, балки кишварҳои ҷаҳон низ бояд Иморати исломии Афғонистонро ба расмият бишиносанд".
Муҷоҳид таъкид кард, ки “Толибон”* шартҳои ба расмият шинохтанро иҷро кардааст ва “ҳеҷ кас ҳақ надорад, ба умури дохилии Афғонистон дахолат кунад”.
Сухангӯи “Толибон”* афзуд, эътирофи Толибон аз ҷониби кишварҳои ҷаҳон ҳамчунон дар Афғонистон, минтақа ва ҷаҳон мушкилотро ба бор хоҳад овард.
Дар ҳамин ҳол вай таъкид кард, ки кишварҳои ҷаҳон ба зудӣ ин давлатро эътироф хоҳанд кард.
Вай афзуд, ки гурӯҳ барои ба расмият шинохтан тамоми шароитро иҷро кардааст. Аммо Муҷоҳид дар посух ба суоли хабарнигор дар бораи мамнуияти таҳсили духтарон дар мактаб ва иҷозаи кори занон ва таъсири он ба шинохти ин гурӯҳ гуфт, ин як кори дохилӣ аст ва ба расмият шинохтани ин гурӯҳ рабте надорад.
Вай ҳамчунин шарт гузоштани ин мавзуъро дахолати кишварҳои хориҷӣ ба умури дохилии Афғонистон ба раҳбарии “Толибон”* номид.
Сухангӯи “Толибон”* гуфт, ин гурӯҳ аз тамоми кишварҳо даъват кардааст, ки дар Афғонистон намояндагии сиёсии худро таъсис диҳанд, аммо “Толибон”* иҷоза намедиҳад, ки ҳеҷ кишваре дар Афғонистон пойгоҳи низомӣ таъсис диҳад.
Нерӯҳои “Толибон” рӯзи 15 август, пас аз фирори Ашраф Ғанӣ аз Афғонистон вориди Кобул ва сипас ба Кохи раёсати ҷумҳурӣ шуданд. То ҳол ҳеҷ кишваре ин гурӯҳро эътироф накардааст.
Ташкили ҳукумати фарогир яке аз шартҳои эътирофи Иморати Исломӣ барои кишварҳост. Аммо мақомоти “Толибон”* ин масъаларо як масъалаи дохилӣ медонанд ва мегӯянд, кишварҳо набояд дар ин бора изҳори назар кунанд.
* - гурӯҳи террристии мамнуъ дар Русия ва Тоҷикистон