ДУШАНБЕ, 31 окт — Sputnik. Раҳматуллоҳ Набил, раиси пешини амнияти миллии Афғонистон дар "Твиттер" навишт, ки Ашраф Ғанӣ дар талоши гирифтани шаҳрвандии Лубнон аст.
“Маълумот вуҷуд дорад, ки Ашраф Ғанӣ дар садади ба даст овардани тобеияти Лубнон аст! Аз ин хирад ҷамъиро ба тамасхур нагиред! Умумфиребии Ашраф Ғанӣ мардуми Афғонистонро бадбахт сохт."
Руло Ғанӣ, ҳамсари Ашраф Ғанӣ масеҳӣ ва шаҳрванди Лубнон аст.
Қаблан Маҳбубшоҳи Маҳбуб, масъули дафтари матбуотии раисҷумҳури барканоршуда гуфта буд, ки Ашраф Ғанӣ бо диққат авзои Афғонистонро зери назар дорад ва ҳамаи мулоқоту тамосҳояш мутобиқ ба меъёрҳои дипломатику усули кишвари мизбон созмондиҳӣ мешавад.