ДУШАНБЕ, 31 окт — Sputnik. Амруллоҳ Солеҳ, муовини нахусти раисҷумҳури пешини Афғонистон дар як силсила твитҳо навиштааст, ки “Толибон”* бояд "гум шавад" ва муқовимат ниёзи миллӣ аст, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
Вай дар вокуниш ба кушта шудани 13 нафар дар маҳфили арӯсӣ дар вилояти Нангарҳор афзуд: Толибон 13 нафарро дар вулусволии Сархроди вилояти Нангарҳор барои навохтани мусиқӣ дар як маҳфили арӯсӣ куштаанд.
Солеҳ афзуд, истихбороти Покистон тайи 25 сол ба “Толибон”* таълим додааст, то афғонистониҳоро бикушанд ва онро бо як таассуби тарроҳишудаи ISI ҷойгузин кунанд, то хоки моро контрол намоянд.
Ёдовар мешавем, ки ҷангҷӯёни “Толибон” чанд рӯз пеш дар як тӯй дар вилояти Нангарҳор барои навохтани мусиқӣ ба сӯйи мардум тирандозӣ карданд. Дар натиҷаи ин тирандозӣ чанд нафар кушта ва чандин нафари дигар захмӣ шуданд.