ДУШАНБЕ, 31 окт — Sputnik. Ширкати ҳавопаймоии Иркутск "ИрАэро" аз Ожонси федералии ҳамлу нақли ҳавоӣ барои парвоз ба Тоҷикистон иҷозат гирифтааст.
Интизор меравад, ки парвозҳо ба Душанбе, Кӯлоб ва Хуҷанд аз шаҳрҳои мухталифи Русия: Архангелск, Брянск, Грозний, Мурманск ва ғайра анҷом дода шаванд.
Иҷозат барои ду парвоз дар як ҳафта дода шудааст, аммо ширкати ҳавопаймоӣ ҳанӯз эълон накардааст, ки кадом хатсайрҳо боз мешаванд. Илова бар ин Ожонси федералии ҳамлу нақли ҳавоӣ ба ширкати ҳавопаймоӣ иҷозат дод, ки ба АМА, Туркия ва Юнон парвоз кунад.
Тавре аз Ситоди фаврии мубориза бо коронавирус дар Русия хабар доданд, аз аввали моҳи октябр густариши шумори парвозҳо аз Федератсияи Русия ба Тоҷикистон дар барнома аст.