ДУШАНБЕ, 31 окт — Sputnik. Ҳавошиносони Тоҷикистон пешгӯӣ кардаанд, ки 31 октябр дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон обу ҳаво тағйирёбанда шуда ва дар баъзе ноҳияҳо борону барф меборад. Дар минтақаҳои шарқии вилоят боридани барф пешгӯӣ мешавад.
Ҳаво дар ғарби вилоят шабона аз 1 дараҷа хунук то 6 дараҷа гарм ва рӯзона 8-13 дараҷа гарм мешавад.
Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 11-16, дар баъзе ноҳияҳо то 19-24 дараҷа хунук ва рӯзона аз 2 дараҷа хунук то 7 дараҷа сард мешавад, хабар медиҳад Ожонсии ҳавошиносӣ.
Ҳавои вилояти Суғд тағйирёбанда пешгӯи шуда, дар водиҳо борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ боришоти борону барф дар назар аст.
Ҳаво дар водиҳо шабона 3-8 ва рӯзона 12-17 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳистонӣ ҳаво шабона аз 0 дараҷа сард то 5 дараҷа сард ва рӯзона 5-10 дараҷа гарм мешавад.
Ҳавои вилояти Хатлон аво тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат меборад.
Дамои ҳаво дар водиҳо шабона 3-8 ва рӯзона 18-23 дараҷа гарм аст. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 1-6 ва рӯзона 12-17 дараҷа гарм гузориш шудааст.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбанда пешбинӣ шуда, дар ноҳияҳои кӯҳӣ борон ва барф меборад. Ҳаво дар водиҳо шабона 2-7 ва рӯзона 17-22 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳистонӣ ҳаво шабона аз 1 дараҷа хунук то 6 дараҷа гарм ва рӯзона 10-15 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад. Ҳаво шабона 4-6 ва рӯзона 17-19 дараҷа гарм мешавад.