Ваъдаи роҳбарони G20: Дастрасӣ ба ваксинаро афзоиш медиҳем

Роҳбарони G20 уҳдадор мешаванд, ки таъминот ва дастрасии ваксинаро барои ҳамаи кишварҳо ба таври назаррас афзоиш диҳанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 31 окт — Sputnik. Раҳбарони G20 ваъда додаанд, ки барои афзоиши таъминоти ваксина ва доруҳои зидди COVID ба кишварҳои рӯ ба тараққӣ ва аз байн бурдани маҳдудиятҳо барои расидан ба ҳадафҳои СҶБ чора меандешанд.

"Мо барои мусоидат ба афзоиши таъминоти ваксинаҳо, лавозимоти тиббӣ ва захираҳо ба кишварҳои рӯ ба тараққӣ ва аз байн бурдани маҳдудиятҳои дахлдори таъминоту маблағгузорӣ чора меандешем", - гуфта шуд дар баёнияи роҳбарони ин гурӯҳ.

Кишварҳои аъзои G20 ҳамзамон ваъда додаанд, ки барои таъмини саривақтӣ, одилона, табобату ташхиси бехатару дастрас ба кишварҳои дорои даромади пасту миёнадошта кӯмак мерасонанд.
Нигаронии роҳбари СҶБ аз тақсими ноодилонаи ваксина дар ҷаҳон
Зикр гардид, ки роҳбарони ин созмон барои таъмини шаффоф, зуд ва пешбинишавандаи интиқолу ҷойгиркунии ваксинаҳо кӯшиш мекунанд.
Раҳбарони G20 ҳамчунин аз бахши хусусӣ кумак хостаанд.
Ёдовар мешавем, ки нишасти G20 рӯзҳои 30-31-уми октябр дар Рум баргузор мешавад.