ДУШАНБЕ, 31 окт — Sputnik. Дар метрои Токио марде бо корд мусаллаҳ ба мусофирон ҳамла кард. Видеое аз ҷойи ҳодиса ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфтааст.
Шабакаи телевизионии NHK хабар медиҳад, ки пулиси Токио ин мардро боздошт кардааст. Вай аввал дар метро ба сӯйи мардум корд кашида, сипас моеи оташгиранда рехта, онро оташ задааст.
Дар ҳамин ҳол аз осеб дидани 15 нафар тайи ин ҳодиса хабар дода мешавад.