Иштироки се куштингири ҷавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон

Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар додааст, Тоҷикистонро дар Чемпионати куштиии миёни ҷавонон дар ҷаҳон Муҳаммад Икромов, Мустафо Ахмедов ва Далер Ризозода муаррифӣ хоҳанд кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 31 окт — Sputnik. Тоҷикистонро се куштигир дар Чемпионати ҷаҳонии миёни ҷавонони то 23-сола муаррифӣ мекунанд, иттилоъ додааст Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон.
Аз Тоҷикистон ба ин мусобиқаи байналилалӣ се нафар – Муҳаммад Икромов (57кг), Мустафо Ахмедов (70кг) дар куштии тарзи озод ва Далер Ризозода (77кг) дар куштии юнонӣ-римӣ ба шаҳри Белград сафар карданд.
Чемпионати куштии ҷаҳонӣ дар миёни ҷавонони то 23-сола аз 1 то 7 ноябр дар шаҳри Белгради Сербия баргузор мегардад.
Варзишгарони тоҷик дар Намангон 9 медал гирифтанд
Ба иттилои Иттиҳоди ҷаҳонии куштӣ (UWW) дар чемпионат, ки аз рӯи равияҳои тарзи озод, юнонӣ-римӣ ва куштии бонувон сурат мегирад, ҳудуди 620 варзишгар аз 58 давлат ширкат хоҳад кард.
Тибқи барнома, чемпионат якуми ноябр бо қувваозмоиҳои гуштии юнонӣ-римӣ (ЮР) оғоз мегардад.
Дар рӯзи сеюм бонувон (ГБ) рӯи гилем мебароянд. Чемпионатро куштингирони тарзи озод (ТО) ҷамъбаст мекунанд.