Болтон: Трамп ва Байден ҳар ду масъули хуруҷи шармандавори мо аз Афғонистон ҳастанд

Мушовири собиқи амнияти миллии раисҷумҳури Амрико бо ишора ба вазъияти кунунии Афғонистон мегӯяд: "Чин дар ҳоли афзоиши талошҳояш барои густариши нуфузи худ дар минтақа аст, ки давлати Байден аз он рӯй гардонада аст"
Sputnik
ДУШАНБЕ, 31 окт — Sputnik. Ҷон Болтон, мушовири амнияти миллии давлати Амрико дар замони Доналд Трамп, раисҷумҳури пешини Амрико гуфт, ИМА набояд фақат бар як авлавияти дифои роҳбурди мутамаркиз шавад, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон дар истинод ба “Тhe Hill”
Болтон бо ишора ба вазъи кунунии амнияти миллии ИМА гуфт, бисёр муҳим аст, ки Амрико қодир бошад, беш аз як авлавияти роҳбурдиро мудирият намояд.
"Бидуни шак, муҳимтарин авлавият тамаркуз бар рӯи таҳдиди Чин аст. Ман онро дар қарни ҳозир на танҳо барои Амрико, балки барои тамоми Ғарб вуҷудӣ медонам. Аммо ин маънои онро надорад, ки шумо метавонед таҳдидҳои дигарро нодида бигиред ва Афғонистону Ховари Миёна дар ин замина намунаи бузурганд”, - гуфт ӯ.
Нигоҳи Чин ба фоҷеаи Амрико дар Афғонистон
Мушовири пешини амнияти миллии Амрико бо ишора ба вазъи кунунии Афғонистон дар идома гуфт: "Чин талошҳои худро барои густариши нуфузи худ дар минтақае, ки ҳукумати Байден аз он рӯ овардааст, афзоиш медиҳад".

"Ҷаҳон як макони бузургу печида аст ва мо як кишвари бузургу тавоно ҳастем", - афзуд Болтон

Ба гуфтаи оқои Болтон, ҳам Ҷо Байден, раисҷумҳури кунунӣ ва ҳам Доналд Трамп ҳар ду масъули хуруҷи ифтизоҳ аз Афғонистон ҳастанд, чаро ки зоҳиран натавонистанд ба амрикоиҳо тавхзеҳ диҳанд, ки чунончи мехоҳанд ба зиндагии худ идома диҳанд ва аз ҷомеаашон лаззат баранд, Амрико бояд мушорикати фаъол дар саросари ҷаҳон ба манзури ҳифозат аз манофее ки ҷомеаи амрикоӣ барои он устувор аст, дошта бошад.
Байден хатои ИМА-ро дар Афғонистон гуфт
Болтон гуфт, Чин талош дорад, нуфузи худро дар Афғонистон густариш диҳад ва мақомоти Чин аз замони тасарруфи “Толибон” (мамнуъ дар Русия ва Тоҷикистон) дар Афғонистон борҳо бо ин гурӯҳ мулоқот кардаанд. Охирин мулоқоти вазири хориҷаи Чин бо ҳайати раҳбарии Мулло Абдулғанӣ Бародар дар Доҳа баргузор шуд. Ван И дар Доҳа бо вазири хориҷаи “Толибон” низ мулоқот карда, равобити дуҷонибаро баррасӣ кардааст.
Болтон, сиёсатмадори амрикоиест маъруф бо дидгоҳҳои ифротгароёна ва ҷангҷӯёна, ки ба пешбурди манофеъ ва сиёсатҳои Амрико бо зӯр бовар дорад.