ВКД Тоҷикистон овозаи бунёди пойгоҳи низомии Чин дар ВМКБ-ро бепоя хонд

Масъалаи мазкур дар рӯзномаи муносибатҳои дуҷониба гузошта нашудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 30 окт — Sputnik. Хабари бунёди пойгоҳи низомии Чин дар қаламрави Тоҷикистон асос надорад ва ин масъала дар рӯзномаи муносиботи ду кишвар матраҳ нест, хабар медиҳад ВКД Тоҷикистон.

"Маълумот дар бораи он, ки гӯё дар қаламрави Тоҷикистон пойгоҳи ҳарбии Чин бунёд мешавад, ба ҳақиқат мувофиқ нест ва масъалаи мазкур дар рӯзномаи муносибатҳои дуҷониба гузошта нашудааст". - омадааст дар хабарнома.

Вазорат таъкид мекунад, ки дар доираи Созишнома оид ба ҳамкорӣ байни ВУД Тоҷикистон ва Вазорати амнияти Чин дар заминаи инфрасохтори мавҷудбудаи Дастаи милитсияи зудамали Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД дар ВМКБ гузаронидани машқҳои тактикии муштарак байни мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон ва Чин пешбинӣ шудааст.
Чин доштани пойгоҳҳои низомӣ дар Осиёи Марказиро рад кард
Дар баробари ин гуфта мешавад, ки ҳамаи лавозимоти зарурӣ ва хароҷот дар вақти гузаронидани машқҳои муштарак аз ҷониби Чин пардохт карда мешаванд.
Қаблан порлумони Тоҷикистон тарҳи созишнома дар бораи бунёди пойгоҳи вижаи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз ҷониби Чин дар дараи Вахони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) ба маблағи ҳудуди 8,9 миллион долларро қабул кард.
Рӯзи ҷумъа сухангӯи вазорати хориҷаи Чин Ван Венбин дар брифинг гуфт, ки Чин дар Осиёи Марказӣ пойгоҳҳои низомӣ надорад.
Дар ҳамин ҳол, ӯ дақиқ ба ин суол бо дархости тасдиқи изҳороти ҷониби Тоҷикистон дар бораи бунёди пойгоҳи вижаи Чин дар дараи Вахони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) барои Вазорати корҳои дохилӣ посух надод.