ДУШАНБЕ, 30 окт — Sputnik. Приммадонаи санъати Ӯзбекистон Юлдуз Усмонова муваззаф шудааст, ки ба шоир Юлчӣ Рӯзиев барои поймол кардани ҳуқуқи муаллиф 185 миллион сӯм пардохт кунад.
Ин тасмим дар додгоҳи байниноҳиявии Мирзо Улуғбек гирифта шудааст, хабар медиҳад Агентии моликияти зеҳнии Ӯзбекистон дар шабакаи "Telegram"-и худ.
Ҳунарпешаи мардумии Ӯзбекистон таронаи "Хаста булма"-и Юлчӣ Рӯзиевро, ки ҳанӯз соли 2016 навишта будааст, бидуни пардохти ҳаққи муаллиф иҷро кардааст.
Шоир аз болои Усмонова ба додгоҳ шикоят бурдааст ва 29 октябр муҳокимаи озоди ин парванда баргузор шуд.
"Бо қарори ниҳоии додгоҳ даъво қисман қонеъ карда шуд. Додгоҳ ҷавобгарро муваззаф кард, ки 50 миллион сӯм ҷуброни зарари маънавӣ ва 500 баробар барои нақзи ҳуқуқи муаллиф, ки дар маҷмуъ 185 миллион сӯмро ташкил медиҳад, ҷуброн кунад", - гуфтанд дар ин ниҳод.
Тибқи иттилои ин ниҳод, мувофиқи қонунгузории Ӯзбекистон, дар сурати поймол шудани ҳуқуқи муаллиф ӯ ҳақ дорад, ки дар ҳаҷми аз 20 то 1000 арзиши асосии ҳисобӣ ҷубронпулӣ гирад.