ДУШАНБЕ, 30 окт – Sputnik. Имрӯз дар майдони назди шаршараи “Наврӯзгоҳ”-и пойтахт Фестивали “Оши палав” баргузор гардид.
Дар даромадгоҳи майдон деги бузург бо ғунҷоиши қариб ду тонна маҳсулот аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе гузошта шуда, дар он 4 нафар ошпаз се тонна оши палав пухтанд.
Дар доираи баргузории Фестивали “Оши палав” 50 деги ошпазӣ, аз ҷумла 40 адад аз шаҳри Душанбе ва аз намояндагиҳои кишварҳои узви ИДМ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 дег гузошта шуда, аз ҷониби ҳунармандони соҳаи таббохӣ беш аз 5 ҳазор килограмм оши палов омода карда шуд.
Зимни ифтитоҳи фестивал муовини аввали раиси шаҳри Душанбе Амирхон Қурбонзода иброз дошт, ки хӯрокҳои миллии тоҷикӣ дар ҷаҳон машҳур буда, санъати таббохии тоҷикон дар тӯли садсолаҳо зери таъсири таърихи ғанӣ ташаккул ёфтааст.
Мавсуф зикр намуд, ки яке аз хӯрокҳои миллии тоҷикон оши палав мебошад, ки соли 2016 дар ҷаласаи 11-уми байнидавлатии ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО дар қатори беҳтарин намунаҳои фарҳанги ғайримоддии ҷаҳонӣ сабти ном гардидааст.
Зикр шуд, ки ҳадаф аз баргузории фестивали мазкур муаррифии фарҳанги дастурхондорӣ, тарғибу ташвиқи ҳунари ошпазӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, арҷгузорӣ ба мероси фарҳангии халқи тоҷик ва ҳунарҳои мардумӣ мебошад.
Ҳамчунин дар фестивали мазкур барои хушҳолии иштирокдорон барномаи консертӣ ва намоиши ҳунарҳои мардумии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ташкил карда шуд.
Бояд гуфт, оши омодашуда, тибқи дастури роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ба якчанд мактаб- интернат ва қисми ҳарбии пойтахт дода мешавад.