“Толибон”*: Гузориш дар мавриди марги ҳашт кӯдак бар асари гуруснагӣ дурӯғ аст

Сухангӯи “Толибон”* ҷон бохтани ҳашт кӯдак бар асари гуруснагӣ дар ғарби Кобулро рад карда ва онро таблиғоти дар баробар низом донистааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 30 окт — Sputnik. Аҳмадуллоҳ Восиқ, муовини сухангӯи “Толибон”* дар сафҳаи "Твиттер2"-и худ навиштааст, ки гузоришот дар бораи ҷонбохтани ҳашт кӯдак бар асари гуруснагиро баррасӣ ва эълон карданд, ки ҳеҷ кас дар ин бора маълумот надорад, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
"Марги ҳашт кӯдак хабари бардурӯғ ва таблиғоти зидди низом аст", - навиштааст ӯ.
Чанд рӯз пеш Муҳаммад Муҳаққиқ дар саҳифаи худ дар "Фейсбук" хабар дод, ки дар ғарби Кобул, пойтахти Афғонистон ҳашт кӯдак аз гуруснагӣ ҷон бохтааст.
Дар Афғонистон 8 кӯдаки як хонавода аз гуруснагӣ ҷон бохт
Вай таъкид кард, ки ин макони шармандагӣ барои “Толибон”* аст.
Мушовири раисҷумҳури собиқ гуфт, “Толибон”* дар бораи таъмини кор ва амнияти мардум парвое надорад, балки аз ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои имдодӣ хостааст, ки мустақиман ба мардуми Афғонистон кумак ва аз гуруснагии мардум ҷилавгирӣ кунанд.
* - созмони террористии мамнуъ дар Русияву Тоҷикистон