ДУШАНБЕ, 30 окт — Sputnik.“Global Firepower” (GFP), як пойгоҳи таҳлилӣ, ки қудрати низомии кишварҳои дунёро пайгирӣ мекунад, дар радабандии ахираш нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистонро дар миёни 140 кишвари дунё бетағйир, дар мақоми 99-ум гузоштааст.
Соли гузашта низ Тоҷикистон дар ин радабандӣ дар ин мақом менишаст ва давоми як сол тағйироте ба вуҷуд наовардааст.
Дар Осиёи Марказӣ қавитарин артиш аз Ӯзбекистон унвон шудааст, ки дар зинаи 51 қарор дошта, ҳайати низомии он 50 ҳазор гуфта мешавад.
Қазоқистон дар ҷойи 61-ум, Туркманистон дар зинаи 86 ва Қирғизистон дар ҷойи 93 қарор гирифтаанд.
Мувофиқи радабандӣ ҷойи авалро Амрико, ҷойи дувумро Русия ва ҷойи сеюмро Чин гирифтаанд.
Ба даҳгонаи бузургтарин артишҳои ҷаҳон Ҳиндустон, Фаронса, Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ, Бритониёи Кабир, Туркия, Олмон дохил мешаванд. Дар ин радабандӣ вазъи низомии 140 кишвари ҷаҳон баррасӣ шудааст. Гузоришгарон ҳангоми тартиб додани феҳраст 55 омилро ба назар гирифтаанд.
Қайд мешавад, ки на танҳо шумораи силоҳ, балки намуд ва қудрати онҳо низ ба назар гирифта шудаанд.
Ҳамчунин дар тартиб додани ин радабандӣ мавқеи ҷуғрофӣ, имкониятҳои воситаҳои нақлиётӣ, иктишофи захираҳои табиӣ, саноати маҳаллӣ ва шумораи низомиён низ мавриди назар аст.
Артиши Тоҷикистон дар радабандии соли 2020 ҷойи 99, 2019 ҷойи 94 ва қабл аз он зинаи 96-умро соҳиб шуда буд.
Соли гузашта гузоришгарон ҳайати низомии кишварро 9 ҳазор арзёбӣ карда, гуфта буданд, маблағгузорӣ ба артиш дар Тоҷикистон солона 79 миллион долларо ташкил медиҳад.
Гуфта шудааст, ки Тоҷикистон бо 20 чархбол, 253 тонк, 400 техникаи зиреҳпӯш, 80 тӯбхона ва 125 проекторҳои мушакӣ мусаллаҳ аст. Аз сабаби набудани роҳи мустақим ба баҳр, ҷумҳурӣ флоти баҳрӣ надорад.