Рустами Эмомалӣ ба қазияи шиканҷаи Мадина дахолат кард

Раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон ба ҳодисаи шиканҷаи Мадина, як зан дар Душанбе, ки гуфта мешавад, аз ҷониби зани дигар шиканҷа шуда, дар ҳолати вазнин қарор дорад, вокуниш кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 30 окт — Sputnik. Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе ва раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон ба қазияи шиканҷаи Мадина вокуниш кард.
Дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон сухангӯи раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон Наврӯз Қурбонзода хабар дод.
Ёдрас мешавем, пештар дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз номи Зулфия Алимова, модари Мадина Мамадҷонова ба номи раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон арз шуда буд, ки духтарашро Азиза Давлатова ном зани дигаре шиканҷа намудааст.
Латукӯб дар заминаи рашк: Зани 38-солаашро дар ҳамхобагӣ бо ҷияни ноболиғ айбдор кард
Тавре дафтари матбуотии Рустами Эмомалӣ менависад, "раиси шаҳри Душанбе муроҷиати модари ҷабрдидаро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод".
"Бояд қайд намуд, ки қаблан тафтиши ҳолати мазкур аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр анҷом дода шуда, бо татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи авф" аз 7 сентябри соли 2021 аз оғози кори ҷиноятӣ рад карда шудааст", - таъкид мекунад манбаъ.
Ҳамин тавр Раиси Маҷлиси миллӣ ба Додситонии кул ва Вазорати корҳои дохилӣ дастур дода, ки зимни иҷрои он санҷиши ҳолати кор аз нав оғоз карда шавад.
"Тафтиши ҳаматарафа, пурра ва объективонаи он таҳти назорати бевосита қарор дода шудааст", - менависад манбаъ.
Ба иттилои Зулфия Алимова, Азиза Давлатова дар пайи рашк 25 август Мадина Мамадҷоноваро рабуда, латукӯбу буғӣ кардааст.
Дар натиҷа ӯ ду моҳ мешавад, ки дар Муассисаи давлатии Маркази миллии тиббии ҷумҳуриявии "Шифобахш" дар ҳолати вазнину беҳушӣ қарор дорад.
Ин муроҷиати зан вокуниши васеи корбарони шабакаҳои иҷтимоиро дар пай дошт. Онҳо аз мақомот, аз ҷумла Рустами Эмомалӣ хоҳиш карданд, ки ба қазия дахолат кунад.