Қирғизистон мизбони нишасти Шӯрои нахуствазирони ИДМ

Нишасти давраии Шӯрои нахуствазирони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар пойтахти Қирғизистон баргузор мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 30 окт — Sputnik. Нишасти давраии Шӯрои нахуствазирони ИДМ санаи 12 ноябри соли равон дар шаҳри Бишкек баргузор мешавад, иттилоъ додааст сомонаи Кумитаи иҷроияи ИДМ.
Бино бар иттилоии манбаъ, Шӯрои намояндагони доимии кишварҳои узви ИДМ раванди омодагии нишасти давраии Шӯрои нахуствазирони ИДМ - ро баррасӣ карданд.
Бар асоси гузориши кумитаи иҷроии ИДМ, бар сатҳи болои омодагии тарафи мизбон барои баргузории нишасти Шӯрои нахуствазирон дар қолаби ҳузурӣ таъкид шуд.
Раҳмон аз кишварҳои узви ИДМ хост, ки ба таҳияи рӯйхати ягонаи террористон мусоидат кунанд
Ҳамчунин протоколе дар мавриди мавзӯоти созмонӣ ва ташрифотиву иқдомоти беҳдоштии лозим дар даврони ҳамагирии корона бо тарафи қирғиз имзо шуд.
ИДМ пас аз фурӯпошии Шуравии собиқ шакл гирифтааст.
Баёнияи таъсиси ин созмон дар 21 декабри соли 1991 дар Алмаато бо ҳузури раҳбарони кишварҳои ҷумҳурии Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон ва Украина имзо шуд.