ДУШАНБЕ, 30 окт — Sputnik. Пирамарди 76 - сола зери чархи худрави "Опел-Зафира" ҷон бохт, хабар медиҳад ВКД Тоҷикистон.
Бино ба гузориши манбаъ, ин ҳодисаи нохуш нисфирӯзии 29-уми октябр, тахминан соати 12:30- дақиқа рух додааст.
Ронандаи автомашинаи "Опел-Зафира", ки боиси марги пирамард шуд, сокини 35 - солаи шаҳри Хуҷанд будааст.
Ӯ ҳангоми ҳаракат дар хиёбони Р. Ҳоҷиеви шаҳр, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард пирамарди 76 - солаи ноҳияи Деваштичро пахш намудааст.
"Дар натиҷа, пиёдагард Ғафуров А. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст", - омадааст дар хабарнома.
Манбаъ афзуда, ки аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.