ДУШАНБЕ, 30 окт — Sputnik. Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд бо Андреас Протманн, сафири Олмон дар Тоҷикистон дидору мулоқот кард, иттилоъ додааст дафтари матбуотии мақомоти вилояти Суғд.
Тибқи иттилои манбаъ, зимни мулоқот тарафҳо дар бораи вазъи кунунии муносибатҳои дӯстона мубодилаи афкор ва дурнамои ҳамкориҳоро баррасӣ карданд.
Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд зимни мулоқот робитаҳои гуногунҷанбаи ду кишварро хуб арзёбӣ карда, гуфтааст, вилояти Суғд омодаи таҳкими муносибатҳо бо шарикони рушд аст.
Ҳамзамон ин мақоми вилояти Суғд илова кардааст, ки дар доираи созишномаҳои дуҷониба дар вилояти Суғд бо дастгирии Ҷамъияти олмонии ҳамкориҳои байналмиллалӣ (GIZ) лоиҳаҳои муҳими иҷтимоӣ амалӣ шуда истодаанд ва ин раванд дар оянда низ идома дода хоҳад шуд.
Дар навбати худ сафири Олмон дар Тоҷикистон дар бораи тавсеаи ҳамкориҳо андешаҳои худро баён кардааст.
Манбаъ қайд кардааст, ки сафири Олмон дар Тоҷикистон дар зимни сафари худ бо ҷараёни амалишавии лоиҳаҳои Ҷамъияти олмонии ҳамкориҳои байналмиллалӣ (GIZ) дар корхонаҳои "Ҳабиб 17"-и шаҳри Конибодом, "Баракати Исфара " ва "Исфара фуд" шинос мегардад.