ДУШАНБЕ, 29 окт — Sputnik. Дар дуюмин мусобиқаи таэквандо вилояти Намангон, ки рӯзи 27 октябр шуруъ шуд ва тӯли панҷ рӯз идома меёбад, варзишгарони тоҷик дар нахутсин рӯз дастикам 9 медал ба даст оварданд.
Варзишгарони тоҷик, аз ҷумла се медали тило, се нуқра ва се биринҷӣ гирифтанд.
Тибқи иттилои Федератсияи таэквандо, Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 61 варзишгар, 46 писар ва 15 духтар намояндагӣ мекунад. Ҷамъан дар ин мусобиқа 2300 варзишгар ширкат меварзанд.
Медалҳои тилоро Муҳаммадҳасан Шомаҳмадов, Муниса Ойматова ва Рӯзигул Саидова ба даст оварданд.
Ҳамчунин Муҳаммадҷон Суннатов, Муҳаммадҳусейн Шомаҳмадов, Мунира Абдусаломова сазовори медалҳои нуқра шуда, Абумуталиб Мирзоев, Нуралишо Солиҳов ва Руқия Алиаҳмадова медалҳои биринҷӣ гирифтанд.
Манбаъ меафзояд, дар мусобиқа дар баробари варзишгарони кишвари мизбон, намояндагони ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон ширкат мекунанд.