Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

"Толибон"* мехоҳад ваксини Русияро дастрас кунад

Вазири тандурустии Афғонистон мегӯяд, дар шароити феълӣ ҳеҷ гуна кӯмакро аз кишварҳо хориҷӣ барои мубориза бо коронавирус рад намекунанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 29 окт — Sputnik. Ҳукумати муваққати Афғонистон мехоҳад ваксини сохти Русия алайҳи бемории коронавирусро дастрас кунад.
Дар ин бора вазири тандурустии "Толибон"* Қаландар Ибод ба ТАСС хабар додааст.
"Ҳар чизе, ки барои мубориза бо пандемия ва таҳкими саломатии шаҳрвандони мо кӯмак мекунад, барои мо арзиши бузург дорад", - гуфт вазир.
Ба гуфтаи ӯ, се-чор моҳи пеш вазъи коронавирус дар Афғонистон ниҳоят нигарнкунанда буд, бахусус пас аз роҳ ёфтани навъи нави ҳиндии вирус вазъият бештар вахим шуд.
Вазир тавзеҳ дод, ки бо баста шудани равобити ҳавоӣ дар Афғонистон вазъият ба эътидол омад.
Дар ҳамин ҳол Амрико бо вуҷуди ваъдаи кумак ба Афғонистон барои мубориза бо коронавирус тааҳҳуди худро иҷро накардааст.
Ӯзбекистон ба Афғонистон барои пешгирӣ аз коронавирус кумаки башардӯстона ирсол кард
Дар ин кишвар ба далели нарасидани ваксин ва мутахассисон вазъият вахим боқӣ мемонад.
Тибқи маълумоти Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт, дар кишваре, ки 38,9 миллион нафар аҳолӣ дорад, беш аз 156 ҳазор нафар ба коронавирус мубтало гардидааст. Аз ин миён 7 262 бемор ҷон додааст.
* -гурӯҳи мамнуъ дар Тоҷикистон ва Русия