ДУШАНБЕ, 29 окт — Sputnik. Дар ноҳияи Рӯдакӣ кормандони милиса ҳодисаи қаллобӣ дар ҳаҷми махсусан калон ошкор намудаанд.
Ба иттилои дафтари матбуоти ВУД Тоҷикистон, ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза марди 32-солаи сокини ҷамоати деҳоти Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ муроҷиат намудааст.
Ба гуфтаи муроҷиаткунанда, ӯро як сокини ҷамоати деҳоти Русияи ҳамин ноҳия фиреб додааст.
Ин мард ба ҳаммаҳали 31-солаи худ барои рушди тиҷораташ 275 ҳазор сомонӣ қарз додааст. Илова бар ин ба ӯ се адад автомашинаи "Опел-Зефира", "Опел-Астра" ва "Опел-Вектра" додааст, ки ин се худравро 230 ҳазор сомонӣ нархгузорӣ карда буданд.
Тибқи шикояти сокини Рӯдакӣ, бо гузашти 5 моҳ қарзгиранда на мошинҳояшро овардаву на маблағро.
ВУД Тоҷикистон мегӯяд, шикояткунанда ҳудуди 5050 ҳазор сомонӣ фиреб хӯрдааст ва ҳоло тафтишоти ин ҳодисаро кормандони милиса идома медиҳанд.