ДУШАНБЕ, 29 окт — Sputnik. Дар ноҳияи Шуғнони ВМКБ, дар асоси нақшаи пешбинишуда, 14 918 нафар сокини ноҳия ба ваксини зидди коронавирус фаро гирифта шуд.
Дар ин бора ба раиси ноҳияи Шуғнон Ҷумъа Ҷумъазода зимни як ҷаласаи корӣ маълумот доданд. Он ҷо зикр шуд, ки 14 115 нафар бо вояи дуюми коронавирус ҳам таъмин шудааст.
Ба Ҷумъазода маълумот додаанд, ки сокинони ноҳия бо масъулияти баланд барои ҳифзи ҷони худу наздиконаш ваксинаи зидди ин бемориро мегиранд.
Дар ҳамин ҳол чанде пеш Вазорати тандурустӣ вазъи ваксиназанӣ алайҳи коронавирусро шарҳ дода буд.
Ба иттилои ин ниҳод, то 20 октябр дар Тоҷикистон 45,2 дарсади аҳолии калонсоли кишвар зидди коронавирус ваксина гирифтаанд.
Ҳамин тариқ то 20 октябри соли равон 2 632 058 нафар алайҳи COVID-19 ваксина гирифтааст, ки ин 45,2% аҳолии калонсолро ташкил медиҳад. 2 106 807 нафар вояи дувуми ваксинаро гирифтаанд.
Дар Душанбе бошад, 100 дарсади сокинони аз 18-сола боло ваксина гирифтаанд.